МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Гуштро аз нохун људо кардан нашояд.

Гуштро аз нохун људо кардан нашояд.

Гуштро аз нохун људо кардан нашояд. Баъди изҳороти Қамчинбек Ташиев роҳбарон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри дастгирии мардуми Ворӯх гурӯҳ – гурӯҳ ба ин гӯшаи биҳиштосои Ватан сафар карданд. Вобаста ба пешниҳоди дар боло зикр шудаи Қамчинбек Ташиев масъулин ва сокинони шаҳри Исфара як назар доранд, “Ворӯх ивазшаванда нест”. Ҳарчанд, ки масъалаи аломат гузории марзи двалатӣ байни Тољикистон ва Қирѓизистон солҳо боз идома дошта басҳои обу замин, роҳу чарогоҳ ва чанд вақт боз сарзадани низоъ ба руҳияи сокинони Ворӯх бе таъсир намондааст, аммо иродаи қави ва ҳисси баланди милливу ватандӯсти имкон медиҳад, ки онҳоро дар муқобили мардуми кӯчӣ залил бошанд. Аксари онҳо зимни суҳбат изҳор доштанд, ки дар муқобили бе андешагии қирѓизҳо онҳо низ метаваонанд бо зури бозу аз марзи номусашон ҳимоя кунанд, аммо чун давлат имкон ва қудрати зуриро дорост, дар такия ба фаросат ва фитрати азалии милли умед ба он мебанданд, ки мушкил бо роҳи гуфту шуниди дипломати ҳал шавад. Ворӯх як гушаи ватани азизамон Тољикистон буда ҳама дусташ медорем. Ҳоло таваљуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар низ ба Ворӯх зиёд аст. Иншоотҳои гуногун сохта шудааст, ки барои беҳтар кардани зиндагии мардум мебошад. Ворӯх ҳама вақт як порчаи Тољикистони азизамон аст. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила Ёрмадова М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-04-2021, 14:32:28 | Диданд: 340