МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Вокуниш оид ба Шахсияти Муҳиддин Кабирӣ

Вокуниш оид ба Шахсияти Муҳиддин Кабирӣ

   Шукуҳу шаҳомат ва бузургии ҳар халқияти руйи замин бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад обод мекунад ва ҳазор- ҳазорҳоро тарбия намуда, дар сояи амну-амонӣ маскан намуда, номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл ба мерос мегузорад .

Халқи тоҷик ба вижа сарзаминои Хуросон низ шахсияти бузургро соҳиб буда, то имрўз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳми мартабаашро нигоҳ доштааст.

Дар солҳои охир дар ҳарни 20-21 мутааллиқ ба солҳои 90-ум миллати тоҷик бо мушкилоти вазнини иктисодию фарҳангӣ ғӯта хўрд. Мардум дар ҳолати сарсонӣ ва фирор аз масканҳои аxдодӣ гаштанд.

Ба қавли Мавлонои Румӣ

Аблаҳе аз тори бом биафтад,

Гардани мо бишканад.

Ин нобиғаи бузург ҳаётро чунон таҳлилу коргузори намудааст, кас аз чунин сатрҳо баҳои ўро медиҳанд,

Дар Тоҷикистони кунунӣ мо низ ин шахсияти бо ном «адолатхоҳ»«Исломдўст» «пуштибони дини мубини Муаҳаммадӣ» харобиҳои  зидди  молӣ, xони ва заифгардонии идеолгияи миллиро замина гузошт. Ҳол он, ки марди ба вижа «обрўманд» ба дину миллати худ чиҳо дода бошад, ки тарафдорони зиёдеро дар гирди миз ҷамъ оварда, ҳар гуна ақидаҳои зидди давлату миллатро замина мегузорад.

Ислом дар зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ҳаст дар мусулмонии мост.

Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳи медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи качу килеб ё худ xоҳилиро роҳандозӣ намекард.

Агар аз ақидаи исломӣ:

-Муъмин бародари муъмин

-Моли муъмин хуни муъмин

-Ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор:

-Худкуширо олам зишт эълон дошт.

-Аз гаҳвора то гӯр илм ҷӯй огоҳӣ медошт, ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ чунин бадгўй, тафриқаҷўй, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар созмонҳои ҷориҷӣ кишвар садо баланд намекард.

Агар ақидаи исломӣ «Аз гаҳвора то гўр»-ро шиори худ мекард, мардумро омўхтани илм ва чӣ манфиат доштани он дар ҳаёти башарӣ тарғибу ташвиқ мекард.

Ба ақидаи Ҳазрати Бедил

Олами маънӣ шудему доғи чаҳл аз мо нарафт,

Кард илмҳои беамал моро хароб.

Ҳадафи ин шахсият бо ном «Кабирӣ» суйистифода ва нуфузи худро ҷой намудан ва соҳиби тахт шудан ва бо ном «ислом»-ро тарақӣ намудан аст.

Ҳаминро таъкид менамоем, ки ҳаргиз бори каҷ ба манзил намерасад, заҳмати зиёди бесамарро мегиранд.

Ба қавли Фирдавсии бузургвор:

Нигар то чӣ кори ҳамон бидрави,

Сухан гар чи гўи ҳамон бишнави.

Дониста бошад, ки ҳар амали кардаи ў дар назди худованд, виҷдон, ҷомеа рўйпӯш намемонад, вақте мерасад ба ҳар қатраи хуни рехта муттаҳам дониста мешавад.

Директори  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи   умумии  №15

Муҳиддинов    Зуриддин.

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-04-2021, 07:59:18 | Диданд: 304