ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10505]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6381]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6191]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5247]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4618]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4535]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4525]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4517]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4140]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
4. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
6. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
7. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
8. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
9. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
10. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2440
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 74507
ХИЁНАТҲОИ ХИЁАТКОРОН НОБАХШИДАНИСТ
ВОКУНИШ: Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талошдоранд, то дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чи бештар саҳм гузор бошанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 29 сол хело зиёданд, ки ин пеш равию шукуфоии Ватанро бархе аз бад хоҳон, хоинону ватанфурӯшон ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурун марзӣ дидан намехоҳанд. Баъзе аз нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшишдоранд, ки онро халалдор созанд. Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик бошарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати Ҳукумати кишвар босарварии Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солим фикру бо инсоф инкор карда наметавонад. Филми мустанади “ХИЁНАТ”, ки чанде пеш тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуда буд бомаврид буда, далели гуфтаҳои болост. Дар филми мазкур амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи роҳбарияти ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИТ-ронишон медиҳад, ки чи гунна миллату давлати худро зери оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашонидан. Бо ин қаноат накарда то имрӯз дар хориҷ аз кишвар бокӯмаки хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд, дубора болои миллат ҷанги шаҳрвандиро барангезанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки миллати сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол симои асоссии ин хоинонро шинохтааст ва дубора ба ин миллат фурӯшон бовар намекунанд. Ҳамаи ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик, ки ба сафи давлати худ хондаи ба ном Исломии ДИИШ шомил шудаанд ва бар зидди қонунҳои конститутсионии давлатҳои Сурияву Ироқ меҷанганд даст парварони ТЭТ ҲНИ мебошанд. Бинобар ҳамин, моро лозимаст , ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳар чӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дассисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.
Муҳидин Кабирӣ ва пайравони хиёнаткори ӯ! хоин, бешараф, бенан гу беномус, бе имонбудед, ҳастед ва симои разилонаи шумо баринҳоро таърих ва миллати соҳиб тамаддуни тоҷик ҳаргиз аз лавҳи хотир фаромуш намекунад. Ташкил кунандагони ин ҳизби терористи барои молу пул шуда, мазҳаби муқаддаси худро фурӯхта ба мазҳаби бегона шомил шуданд. Мо ҷавонони сарбаланди ноҳияи Муъминобод ҳар як амал, ҳар сухан ва кирдори ғайри инсонии шумоёнро ҳамеша маҳкум намуда, ба чунин нафарони дил сиёҳу иғвогар хиёнат кор ва ифроти бовар намекунем ба шумоён нафрат мехоҳем. Мо ҳеҷ гоҳ ба гуфтаҳои шумо бе нангу номусҳои хоҷадорҳо гуш намедиҳем.
Ба номи поку ба эҳсони Кирдигор қасам!
Ба рўшаниву ба гармӣ, ба навбаҳор қасам!
Ба осмони пур аз нури ин диёр қасам !
Ба ному нангу ба номусу ифтихор қасам!
Ҳамеша ҳаст дили ман ватан барои Ватан !
Сари баланду тану ҷони ман фидои Ватан!
Директори : Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16
Нуров Барот.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-04-2021, 08:01:13 | Диданд: 341