ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9661]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6110]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5829]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4976]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4305]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4277]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4261]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4247]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3912]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 62133
Хиёнат кирдори нобахшиданист.

Хиёнат кирдори нобахшиданист. Инсоният дар ҳар давру замон, барои пешрафту тараққиёт, инкишофи ҷисмониву рӯҳонӣ ниёз ба сулҳу суббот ва осоиштагиву оромӣ дорад. Аммо ҳастанд хоиноне, ки ин сулҳу суббот ва оромиро дида ҳасад мебаранд. Вақте, ки калимаи хиёнатро мешунавем дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кина мегирад. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумлаи он нафароне ҳаст, ки пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, хоки муқаддаси онро саҳнаи театр дониста, мардумро фиребдода аз ҳаёти осиштаашон маҳрум месозанд. Имрузҳо ин хиёнаткорон бо номи тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватан обод кардан сухан мегӯанд. Лекин дар қалбашон андешаҳои ғайриинсонӣ ва аҳриманӣ садо медиҳанд. Оре унвони “Хоини миллати тољик” ба М. Кабирї арзанда мебошад. Чунки дар њаќиќат ў ба миллату ватани аљдодии худ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатњои миллии њамзабонон ва њамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям дастзадааст. Агар ба шахсияти М. Кабирї назар афканем маълум мегардад, ки ў як шахси нотавонбин ва дур аз фањмиши ќавонини ислом мебошад. Ў нисбат ба дини ислом кур курона муносибат мекунад ва бо ин рафтораш ѓазаби Худоро меорад, ки оќибаташ талх аст. Таърих исбот менамояд, ки дар ҳеҷ давру замон, ҷангу куштор роҳи ҳалли ягон масъаларо наёфтааст. Ягон силоҳбадаст ягон хоин ба мақсади худ нарасидааст, набояд ба ҳаргуна суханҳои дуруғ бовар кард, дар ин бора шоир Абдулқодири Бедил чунин гуфтааст: Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад, Пистаи бе мағз агар лаб во кунад, расво шавад. Мардуми сарбаланд ва сарсупурдаи миллати тољик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати милли, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќодир аст. Дар муќобили њамагуна њизбу њаракатњои дини ифроти истодагари карда, Ватану миллати хешро аз таъдидњои онњо њифз намояд. Мо мардуми шарафманди тоҷик зери осмони софу беолоиш дар фазои сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ рӯҳияи ободкориву созандагӣ зиндагонӣ мекунанд. Мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ ин афроди ифротгарову терорист, ва ин хиёнаткоронро, ки нону намаки ин сарзаминро хӯрда, носипосӣ карда нияташон халалдор кардани оромии кишвар буд ва ҳаст, нахоҳад бахшид. Сокини ноҳияи восеъ Алиев Ё.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-04-2021, 12:20:59 | Диданд: 344