МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ворух сарзамини тоҷикон ҳаст.

Ворух сарзамини тоҷикон ҳаст.

Ворух сарзамини тоҷикон ҳаст. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустаҳқил, дорои конститутсия, сарҳад эътироф шуда, ҳар порча хоку оби ин Ватан аз тарафи ҷавонмардони шуҷои Ватан ҳимоя ва ҳифз карда мешаванд, ки яке аз қисмати ин сарзамини ин миллати ба номи тоҷикон Ворух аст. Ворух дар тулли асрҳо сарзамини тоҷикон буд ҳаст ва хоҳад монд, ва мардуми тоҷик бояд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ҳифзи як порчагии ин сарзамин кушишу талош намоянд. Зеро дар ин сарзамин аз қадим тоҷикон зиндаги мекарданд. Имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумату давлатамон тамоми шароитҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Ворух фароҳам оварда шуда, биноҳҳои наву замонавӣ, гулгашту хиёбонҳо ва муассисаҳои таълимӣ барои наврасону ҷавонон сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷониби шахсони мансабдор ва мақомотҳои расмии давлатӣ Ҷумҳурии Қирғистон ҳамсоя давлат ба кишвари мо эътирозҳое, баъзан ба гӯш мерасад, ки умуман дар чорчубаи ягон санадҳои байналмилалию минтақавӣ ҷавобгу нест, зеро, ки эътирозҳои онҳо на барои сулҳ миёни аҳолии наздисарҳад балки барои ноором сохтани муносибатҳои минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ ва муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон мутаассифона равона мешаванд. Як чизро бояд қайд намуд, ки дар Иттиҳоди Аврупо чунин мушкилотҳо даҳсолост, ки аз байн рафтааст ва мардум бе мамониат аз як шаҳр ба шаҳри дигар ва аз як давлат ба давлати дигар озодона рафту омад доранд. Аммо мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон дар замони муосири имрӣза аз усулҳои асрҳои миёна истифода намуда рафтаву рафта муносибатҳои худро бо мо бадтар намудаистодааст. Аҳсан ба мардуми Ворух, аҳсан ба халқи тоҷик ва аҳсан ба марзбонони шуҷои ватан, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми ватан мунтазам беқарор нестан. Султон Бахтиёр – сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-04-2021, 13:16:43 | Диданд: 311