МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо қудрати ҳимояи марзиро дорем

Мо қудрати ҳимояи марзиро дорем

Мо қудрати ҳимояи марзиро дорем Ҳар як нафар бояд ватани худро ҳифз кунад ва аз хурди моҳияти онро дарк кунад. Ватандӯстӣ барои ҳар яке мо ҳиссиётест, ки ба тамоми узвҳои бадан вобастагӣ дорад. Мо ватани худро бо тамоми эҳсосот дуст медорему ва онро ҳимоя хоҳем кард. Аз хурди дар замири мо устодон ҳимояи ватанро таблиғу ташвиқ менамоянд ва аз гузашта садҳо мисол меоранд, ки қаҳрамонони миллати мо баҳри ҳимояи ватани худ ҷонисорӣ намудаанд. Таърихи мо далолат медиҳад, ки дар ҳама давру замон аз миёни фарзандони фарзонаи миллат нафароне пайдо шуданд, ки мухолифи ҳуҷуми аҷнабиёни синаҳои худро сипар карданд. Таърих худ собитгари ин корнамоиҳо ва давлатдории тоҷикон мебошад. имрӯз мо вазифадорем, ки ин истиқлолиятро ҳифз намоему онро ҳимоя кунем. Амалҳои ноҷавонмардона, ки дар сарҳади мо бо давлати Қирғиз амалӣ гардид мо умедворем, ки бо роҳбарон дар ин масъала чораҷӯи карда ҳалли мушкилоти мавҷударо меёбанд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол нахуст тирпаронӣ аз ҷониби мардуми қирғиз сурат гирифта, ки дар натиҷа хашму ғазаби аҳолии наздисарҳадии Тоҷикистон зиёд гардида бар зидди онҳо мубориза бурданд. Аз низоъи ҳамватанони худ дигар мардуми минтақаҳои кишвар бохабар шуда барои кӯмак кардан ва пешгирии воридшавии пойи душман ба хоки Тоҷикистон бархестанд. Ҳатто нафароне, ки дар хориҷи кишвар буданд худро бе тараф нагузошта барои ҳимоияи марз ва нангу номуси худ мавқеи худро муайян намуданд. Ҳамаи ин шаҳодат аз он медиҳад, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон муттаҳид аст ва барои ҷилавгири аз ҳама корҳои душманон тамоми чораҳоро меандешанд. Бозор Собир хуб қайд кардааст, ки : Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон, Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст. То забон дорад, ватандор аст ӯ, То забондор аст, бисёр аст ӯ Сад шукр, ки мо имрӯз бисёр ҳастем, ватандор ҳастем ва ин ватану сарзамини аждодии худро аз душман ҳифз хоҳем кард. Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-05-2021, 14:28:39 | Диданд: 291