МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ворух пораи тани ҳар як тоҷику Тоҷикистонист!

Ворух пораи тани ҳар як тоҷику Тоҷикистонист!

Ворух пораи тани ҳар як тоҷику Тоҷикистонист! Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамдилиро авлодтар медонистанд ва медонанд. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз замони бостон аз рӯйи кинаву адоват ба сарзамине сар надароварда, зулму истибдоде нисбати мардуме ё халқияте раво надонистаанд. Вақте сухан атрофи ҳимояи марзу буми Ватан ва якпорчагии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон меравад, мафҳуми «ҷон-умр» дар назди фарзандони далеру шуҷоъ ва муҳофизони Ватан ба сипари, ҳимоятгари марзу буми Ватан табдил меёбад. Ин маънои онро дорад, ки миллати сарбаланду саодатманди тоҷик баҳри ҳифзи сарзамини аҷдодии хеш ва якпорчагии он ҳамеша мубориза мебаранду лозим шавад ҷони худро дареғ намедоранд ва ҳаргиз намегузоранд, ки бегонае ба сарзамини мо тоҷикон бо чашми кинаю адоват назар андозанд. Воқеоти моҳҳои охир нишон дод, ки ҳанӯз ҳам бадхоҳони мардуми тоҷик аз мақсадҳои нопоки худ даст накашидаанд ва барои забту азхудкунии ҳудуди Тоҷикистон аз ҳар гунна амалҳои нопокона истифода намуда баҳри нором сохтани марзи Тоҷикистон дар талошанд. Задухурдҳое, ки дар як гӯшаи Ватани азизамон Ворух сар зад иштироки фаъолонаи мардуми ва ҷавонон дар ҳимояи марзи давлатӣ аз он шаҳодат дод, ки ҷавонони далеру шуҷои кишвари мо хело ватандӯстанду хештаншинос ва ҳуввияти баланди мииллӣ доранд. Тамоми ҷаҳон ва мардуми қирғиз медонанд, ки Ворух сарзамини тоҷикон ҳаст буд ва хоҳад монд, мардум Ҷумҳурии Қирғизистон бояд, ки ҳарчи зудтар аз паййи ҷустӯҷӣ роҳҳои ҳаллии дипломатии мушкилотро ба мо пайгири намояд, на бо истифода аз усулҳои ҷангҷӯёна ва усулҳои асрҳои миёна истифода намояд. Назарова Сайёҳат – Гирандаи Стипендияи Президентӣ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-05-2021, 12:32:01 | Диданд: 359