ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10720]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6490]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6418]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5366]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4782]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4641]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4631]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4607]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4233]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
2. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
5. НОМУСБОХТА
6. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
8. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
9. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
Омор
- Хабархо: 2456
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 105079
Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии тоҷикистон аст.
Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии тоҷикистон аст. Дар матбуоти даврии Қирғизистон ва расонаҳои электронии он имрӯз сару садоҳое ҳам ҷой доранд, ки деҳаи Ворухро анклав дониста, онро дар гузашта марзи ин кишвар меҳисобанд. Дар асл ин як даъвои беасос аст. Аз тарафи дигар ин иддао таҳрифи рӯйрости таърих аст, чун садоҳо далелҳои таърихӣ ҷой доранд, ки ҳатто дар аҳди қадим Ворух як вилояти бузурги тоҷик нишин буд, ки дар тобеияти он навоҳии зиёде ба мисли Суху Ҳушёриву дигар минтақаҳо қарор доштанд. Аз нигоҳи забонӣ ҳам “Ворух ” яке аз вожаҳои куҳани суғдӣ будааст ва мардуми ин минтақа то ҳанӯз куҳнатарин вожаҳои аҳди сомонӣ, нахустин давлати тоҷиконро дар гуфтори хеш истифода мекунанд. Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ба масъалаи анкла будан, пешниҳоди иваз намудани бори дигар ин нуқтаро равшан месозад, ки ҷониби Қирғизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазорсола фурӯгузорӣ мекунанд ва намехоҳанд онро, ки дар саҳифаҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул намоянд. Бори дигар ҳақиқати таърихи яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани ин марзу бумро собит мекунад. Ҳамин як руҷуъ ба таърихи моҷароҳои марзӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар муноқиша ҷониби Қирғизистон боиси рух додани нофаҳмиӣ дар хати марз мешаванд. Хушбахтона ин нофаҳмиву нобасомониҳо хотима ёфтаву вазъият дар марз ором, мардум осуда ва фазои якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Муноқиша ва нофаҳмие, ки миёни мардуми ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омабуд, боиси норозигӣ, нороҳатӣ, нооромиҳои мунтазами ҷрмеа шуда истодаанд. Бо барангехтани низо ва нофаҳмиҳо ҷониби қирғизҳо мехоҳад, ки порпи дили мо –Ворухро аз худ кунанд. Ворух як пораи Тоҷикистон аст ва ин марзи кишвар чун ҳар пораи кишвари азиз барои мо муқадас мебошад. Омӯзгори МТМУ №4 ноҳия Ё. Алиев.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-05-2021, 13:30:36 | Диданд: 403