МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони миллати мо чи мехоҳанд?

Хоинони миллати мо чи мехоҳанд?

Хоинони миллати мо чи мехоҳанд? Мусаллам аст, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузарпонида бо хислатои наку тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арасаи ҷаҳон мавқеву манзалети хешро по барҷо нигоҳ медорад. Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо ба монани Кабири Муҳаммадиқбол ва дигар думравонашон аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳан бунёдро бадном созанд. Ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Баҳри расидан ба сулҳу суботи сиёси якдилию якпорчагӣ, сарвари давлат чиқадар ҷонбозиҳо кардаанд. Аз гуноҳи хиёнаткорон гузашт карданд ва тоҳато солҳои 90-ум ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолимфин таъин карда шуд. Ба ҳамин аҳду паймон таҳамул пазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда роҳбарони ҲНИ ба намакдон туф карданд. То ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худдаст накашида аз кишварҳои дуру наздик ба ба сари давлату миллат санги маломат мерезанд. Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хуби шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ дасисаи бадандешон фирефта нахоҳад шуд. М.Кабири ва ҳамаслакони ӯро хоки ватан кӯр хоҳад кард, бо маслиҳати хоҷагони зархариди худ дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ ҷамъ намуда мехоҳанд, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта гуё ҳақиқати ҳаётро ба онҳо фаҳмониданӣҳастанд. Вале кулли мардуми ҷаҳон ва тоҷику тоҷикистониён ки будани он хоинонро медонан ва сад шукр, ки мардуми имрғз ба атрофиён ба чашми равшан менигаранд. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистион дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Ализода Ё.С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-06-2021, 14:18:25 | Диданд: 262