МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Муҳаммадиқболи Садриддин - чоплуси хоҷагони хориҷӣ аст.

Муҳаммадиқболи Садриддин  - чоплуси хоҷагони хориҷӣ аст.

Муҳаммадиқболи Садриддин - чоплуси хоҷагони хориҷӣ аст. Ман ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастам ва пайрави фарзандони бо нангу номуси ин сарзамин ҳастам ба монанди Қаҳрамонони абадии ин халқу ин миллат, ки бо корнамоиҳояшон на танҳо дар мулки хеш балки дар олам машҳуранд ба монанди Садриддин Айни, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Эмомалӣ Раҳмон ва Шириншоҳ Шоҳтемур, ифтихор мекунам, ки онҳо фарзандони ҳамин сарзамини муқаддас - Тоҷикистони азизамон ҳастанду барои бунёди давлати тоҷикон заҳматҳои зиёд кашидаанд. Бо чунин қаҳрамонон ифтихор накардан ин алакай гумроҳист. Зеро, ки ин шахсиятҳо поягузори давлати муосири тоҷикон мебошанд. Худ андеша кунед Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – шахсе ҳаст, ки давлатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, мардуми гурезаро ба сарзамини хеш баргардонд, сохти давлати демократиро бунёд кард, муносибатҳои дохилӣ ва хориҷиро барқарор сохт аз њама муҳим сулҳу ваҳдат ва ягонагиро дар қалби мардум парварид, пас андеша бояд кард, ки ман - мо пайравӣ, ҳифз ва ифтихор аз Қаҳрамонони Тоҷикистон накунем пас ки мекунад. Новобаста аз ҷонбозиҳову ободкориву созандагиҳои қаҳрамонони миллат ва мардуми шарифи Тоҷикистон хоинону бадхоҳонӣ халқи тоҷик аз ҷумла М.Садриддин мехоҳанд ба тинҷиву амонии мардуми сарбаланди тоҷик нооромиҳо оваранд. Ҳар як шахсе, ки бо гӯфтаҳои М.Садриддин бовар мекунад ва пайравӣ ба ин хоинони миллат менамояд бояд донад, ки дар роҳи гумроҳи қарор дорад, зеро, ки М.Садриддин як шахси ифротгаро – чоплуси хоҷагони худ ҳаст ва худ инро нағз медонад. Барои маълумот қайд менамоям, ки дар замони муосир, ки техника ва технология бо суръати койҳони рушд карда ва рушди он идома дорад сафедро сиёҳ гуфтан ва бар акс хело осон шудааст, чунин шахсиятҳо ба монанди М.Садриддин, фикру ақидаи мардумро ба зидди манфиатҳои худи мардум равона месозанд. Мо мардуми тоҷик баҳри ҳифзи ин сарзамин ва табдил доданаш ба сарзамини орзӯҳои мардуми тоҷик зиёда аз 1000 сол ҳаст, ки бо чунин хоинон дар набард қарор дорем ва дар имрӯз ва дар оянда низ барояш дар тамоми набардгоҳ ба набард омодаем. Султон Б.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-06-2021, 14:43:13 | Диданд: 264