МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Изҳороти устодон ва донишҷӯёни ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ

Изҳороти устодон ва донишҷӯёни ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ

Мутассифона, вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад».

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо кулли устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

Мо пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои муғризонаи ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд. Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем. Намегузорем ва нахоҳем гузошт, то ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро ба мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мост, ноил гарданд!

 

Аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ

 дар шаҳри Хуҷанд

 

Бознашр аз сомонаи Донишкадаи  Иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-05-2018, 08:54:25 | Диданд: 915