МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

«Вахдат нишони сулху субот»

«Вахдат нишони сулху субот»

«Вахдат нишони сулху субот» Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нишона аз ҳисси баландӣ Ватандустиву худшиносӣ вахудогоҳии фарзандони асили ватан мебошад. Тоҷикистони азиз дар зарфи бисту се соли баъди имзои Созишномаи сулҳ роҳи пурифтихорро тай намуд. Халқи тоҷик аз рӯзҳои аввал, давлатдории худро аз паёми сулҳ оғоз намуд ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишвар, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон идомадод. Хар миллат дар таърихи худ рўйдодхо ва санахои мухиме дорад, ки аз онхо дарсхое барои ояндаи худ мегирад. Барои миллати мо хам 27-уми июн, ки Рўзи вахдати милли ном дорад, воќеан як рўзи таърихи ва сарнавиштсоз аст. Чордах сол пеш дар рўзи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиќрори сулх ва ризояти милли миёни точикон ба имзо расид, ки ба даргирихои дохилии панчсола амалан хотима бахшид ва раванди шаклгирии тахаввулоти минбаъдаро дар тамоми арсахои хаёт дигаргун кард. Аз он баъд адоват чойи худро ба мухаббат дод ва рафоќат чойгузини хусумат гардид. Ба чои бўи бади борут, накхати гулу райхон ба машом расид ва ба чои садои вахшатноки тиру туп, овози хуши мутрибу муѓанни гўшхоро навозиш кард. Бародарони хамхун, ки то он рўз дар муќобили якдигар сангар гирифта буданд, ба оѓуши њам омада, дар чабхаи муштарак-дифоъ аз марзу бум ва иззату номусу шарафи миллат сангар гирифтанд. Ва мухимтар аз хама он, ки ин раванд, дигар ба аќиб барнагашт ва инак сол то сол дарахти вахдати точикон решадортар ва паймони хамдиливу бародари миёни онхо мустахкамтар мегардад. Албатта, ин њама дастовард, ки мо дар як калом хулоса кардем, ба осонї њосил нашудааст. Он натичаи ранчу машаќќатхо, азхудгузаштанхо, шабзиндадорињо ва поймардї дар паймонњост. Рўйдод0и таърихи хусусияти ачибе доранд, ки а0амияти воќеиашон аз сўи оммаи мардум на дар замони вуќўъ, балки бо гузашти солхо дарк карда мешавад. Имрўз 0ар ќадар, ки аз 27-уми июни 97 фосила мегирем, ба њамон андоза наќш ва ањамияти он дар мавчудияти кишваре бо номи Точикистон ва миллате бо номи точик пеши назар чилвагар мешавад. Танхо акнун бо тахлили вазъияти онрўзаву имрўзаи хањони ва дар пахлўи хам ќарор додани воќеахои таѓирёбандаи чахони кунуни, ба ин андеша фурў меравем, ки агар Худованд он рўзи саидро дар китоби зиндагии миллати мо раќам намезад, имрўз мо чи рўзгоре медоштем (хатто тасаввур карданаш вахшатнок аст!). Ваҳдати миллӣ ҷомеаи тоҷиконро ба як марҳилаи нав ворид намуд. Дар ин давра як қатор пешравиҳо ба хотири беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум рӯи кор омаданд. Инчунин Ваҳдати миллӣ собитсохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳпарвару таҳаммулгаро буда, бо ваҳдату сарҷаъмии худ ҷомеаи пешрафтаи демократӣ ва дунявиро бунёд намуданд…Махз самарии истиқлолият ва сулҳу суботи комил, буд,ки имруз Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардид ва барои рӯзгори орому осуда заҳмати созандаи мардуми сарбаланди тоҷик, инчунин баргузории ҳамагуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам овард. Неъматзода Ф. Мудири бахши кор бо чавонон ва варзиши нохияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-06-2021, 08:58:38 | Диданд: 312