МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ АЗ НОМИ МИЛЛАТ СУХАН МЕГУЯНД

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ АЗ НОМИ МИЛЛАТ СУХАН МЕГУЯНД

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ АЗ НОМИ МИЛЛАТ СУХАН МЕГУЯНД Имрӯзҳо симои асли Муҳиддин Кабири маълум ба ҳама мардуми кишвари Тоҷикистон маълум аст, ва ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфуруш ва нокасу палид мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ, ки 3-феврал дар як ҷаласаи васеъ ва пушидаи ҲНИ дар Душанбе суҳбат карда гуфт, мақомоти масъул тайи се сол ба раҳбарияти Тоҷикистон гузориш медод, ки ҲНИ- ро то интихоби парлумонии соли 2015 фалаҷ мекунанд ва қудрати ширкат дар интихоботро аз дасташ мегирад . Муҳиддин Кабирӣ тарзи гузоришдиҳӣ ва барномарезиҳои ниҳодҳои ҳукуматиро на фақат қокуншиканӣ, балки фиреб кардани раҳбарияти кишвар ва ҷомеа унвон кард. Вай афзуд, агар раванди ироаи гузоришҳои нодуруст ба раҳбарияти кишвар идома ёбад ба зарари ҳукумату ҳизбҳои сиёсӣ ва миллат тамом мешавад. Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин дар зимни суҳбати худ бо як рӯз- номанигор доир ба идома додани муборизаи сиёсии худ ба муқобили давлату Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни намуд. Дар асоси гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ роҳбарияти олии имрӯзаи кишвар мехоҳад, ки дар Тоҷикистон гурӯҳҳои хурди силоҳдор, тундраву ифротгаро мавҷуд бошанд, то онҳо ба воситаи амалҳои нодурусту зӯроваронаи худ дар ҷомеа фазои нооромию нобовариро ба вуҷуд оварад ва ҳукумат онҳоро саркӯб намуда, аз ин вазъият ба суди худ суистифода бикунад. Ин ба он мазмун аст, ки агар вазъияти амниятии кишвар ноором бошад, дар он ҳолат дар чунин мамлакат ва ҷомеа аз демократия, озодии афкор ва фаъолнокии институтҳои шаҳрвандӣ сухан гуфтан ва иҷрои пурраи ин равандҳоро талаб кардан чандон дуруст нест. Ҷинояткорони муосир низ аз ҳамин усул истифода бурда истоданад барои ноором сохтани вазъи ороми кишвар . Пас мо бояд пеши ин бадхохони Миллати орому давлати ободамонро гирем. Ва нагзорем ки Ватани азизиу маҳбуб ва ободу оромамонро ноором созанд ин палидони зархарид . Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузи ва шуҷоати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад. “Беҳуда шоирони бузурги мо гуфтаанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд. Сокини н Восеъ Шарипова Ш

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-06-2021, 14:37:53 | Диданд: 320