МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

М.Садриддин – Ифротгар ва Террорист аст.

М.Садриддин – Ифротгар ва Террорист аст.

М.Садриддин – Ифротгар ва Террорист аст. Дар шабакаҳои интернетӣ баъзе аз шаҳрвандони мо ба сафсатаҳои ин хоини миллати тоҷик бовар намуда ба гуфтаҳои М.Садриддин бовар мекунаду бар зиддӣ модар ватани худ дар хиёнат қарор доранд. Шахсоне, ки ба гуфтаҳои хоини миллати тоҷик М.Садриддин бовар мекунад дар роҳи гумроҳҳи қарор дорад. Ҳар як шахси ватандӯсту ватанбунёд медонад, ки ин хоини миллат бо истифода аз мафкураи паст, дониши номукамали дунявӣ ва динии мардум истифода намуда рӯз то рӯз мардумро ба гумроҳҳи бурда бародарро душмани бародар карданист. Мардуми калонсоли мо барои тарбия намудани ҷавонон дар самти ватандӯстӣ, инсондӯстї, хештаншиносї ва бунёдкори метавонанд тарбия намуда ва ба камол расонанд, зеро, ки калонсолони мо ҷанги бародаркушро аз сар гузаронидаанд ва метавонанд насли наврасро ба роҳи рост равона созанд. Мутаасифона баъзе аз ҷавонони тоҷик алакай фирефтаи гуфтаҳои ин хоини миллати тоҷик М.Садриддин шудаанд зеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми тамошои барномаҳои бешарафи М.Садриддин маълум аст, ки ҳангоми баҳсҳои алакаи ин хоини миллат нафратро миёни ду тоҷик пайдо шудаат ва худ надониста барои чи нисбати якдигар гапҳои қабеҳро раво мебинад. Чунин амалҳо моро огоҳ месозанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба гуфтаҳои ин чоплуси хоҷагони хориҷи М.Садриддин гуш надода баҳри ободии ватани азизамон иттифоқ ва ягона бошем. Шахсоне, ки ба гуфтаҳои М.Садирддин бовар доранд як нуқтаи муҳим ва нозӯкро бояд донанд, ки чунин шахсиятҳо ба монанди М.Садриддин динро дар назди Ҳукумат ва ҳукумтро дар назди дин сиёҳ намуда дар натиҷа нофаҳмогиҳо миёни мардум ба вуҷуд меояд. Султон Бахтиёр

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-07-2021, 06:11:11 | Диданд: 248