ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10890]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6643]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6586]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5484]
5. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4906]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4748]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4728]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4727]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4333]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2471
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 112110
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 04.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.
94 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, дар минтақаи «Шоҳон»-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» марзи давлатиро гузаштанд ва вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Сарҳадбонони тоҷик бо зоҳир кардани ҳусни башардӯстӣ ва муносибати неки ҳамсоядорӣ ба низомиёни неруҳои давлатии Афғонистон иҷозат доданд, ки ба қаламрави Тоҷикистон дохил шаванд.
Бо назардошти вазъи мураккаби минтақаи зикргардидаи сарҳади давлатӣ эҳтимолияти идома ёфтани убури низомиёни ҶИА ба ҳудуди Тоҷикистон ҷой дорад.
Айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-07-2021, 22:19:10 | Диданд: 321