ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9482]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6101]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5812]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4968]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4297]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4270]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4253]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4239]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3905]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61814
Мақсади наҳзатиён

Ҳизби наҳзати исломии дар баробари бигар дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бо принсипи сохти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣдар парлумони кишвар бо ишғоли 30 фисад овоз ҷой гирифтанд. Баъд аз шурӯъи кор намояндагон ва ҳамдастони худро оҳиста- оҳиста дар канорҳо ҷой дода, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои нопоки худ сар карданд. Магар дар ин даврахо касе пай мебурд, ки ин ҳизби разилу ифлос ба чи корҳо даст мезанад. Бо гузашти фурсати начандони вақт намояндагон ва тарафдорони онҳо дар дохили шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои гушаву канори мамлакат ба сохтани биноҳои сохти замонавии истиқоматӣ, ҳарамсарой, заводҳои хурд, фермаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар иншоотҳои калон сар карданд. Аммо кассе таваҷҷуҳ намекард, ки мулло кию иншоотчӣ?. Ё дар фурсати хурдакаки зиндагӣ, ки Тоҷикистони азиз нав дар остонаи барқароршавӣқарор дошт ин муллоҳои ғоратгар аз куҷо ин қадар маблағҳои муфтро дастрас карда, ба сохтани иншоотҳо шуруъ намуданд. Дар атрофии худ онҳо зархароиднро алакай барои савдо ва дигар корҳои тиҷоратӣҷамъ мекарданд. Бо истифода аз нуфузи доштаашон дар парлумони кишвар бо нақшаҳои бегона, ки тамоман ақоиди ба давлату ҳукумат бегона буданд, барои парлумони кишвар пайдо кардан мегирифтанд. Дар як фурсати хеле кӯтоҳ пайравону ҳаммаслакони хеле зиёдеро бо худ пайванд намуданд. Қариб ҳамаи онҳо бо мошинҳои замонавӣ, хонаҳои сатҳи олӣ ва бо доштани ду ва се зани ҷилваро давом медоданд. Касе гумон надошт, ки ин наҳзатиёни аз шариату Худо дурмонда бо пулҳои ҳароми хоҷагони хориҷии худ майдондорӣ карда, ба хоҷагонашон Тоҷикистони азизи моро туҳфа карданианд. Амалхои пинҳонкорона ва ноҷавонмардонаи онҳо баъди бунёд ва сохтани якчанд масҷидҳои ҷомеӣ ва барасмиятдарории онҳо сар шуд. Дар деҳае, ки на мактаб, на кинотеатру на осоишгоҳ ва на ҳатто ҷой барои истироҳати пирону барҷомондагон аст, сохтани масҷид чи зарурият дорад. Мақсад аз аз бунёду сохтани масҷид ин сарф кардани маблағҳои калони давлатҳои исломӣ ва гурӯҳҳои асосии терористӣ мебошад. Ин гурӯҳҳо масҷидро, ки ба қавле хонаи Худост барои тарғибу ташвиқ ва таёр кардани дастаҳои экстремистӣ мебошад. Бинобар сабаби даст доштани ошӯби мусалахонаи Ҳоҷи Ҳалим ба ин гурӯҳи экстемисти ва махсусан пайванд будани ин ошӯб бо Муҳиддин Кабирӣ бо сарҷамъии тамоми мардуми Тоҷикистон фаъолияти ин хизби тундрово манъ карда шуд. Бадбинии миллӣ ва дар ниқоби ислом ба асолат раҳнамун кардани мардуми тоҷик махсусан ҷавонон мароми асосии ин бадниҳодон буда, мехостанд бори дигар мардумро ба гирдоби бадбахти печонанд. Ин бадхоҳони миллат бори дигар ба сари мардуми тоҷик бо найрангу бозиҳои сиёсии интернети ҳар гуна фитнаҳоро бор карданианд. Баръало тамоми мардум эҳсос намуд, ки душманони асосии миллати тоҷик «Паймони миллӣ» ва пайравону аъзоёни «Гурӯҳи – 24» мебошанд.
Ин гурӯҳҳо дастпарварони давлатҳои исломӣ махсусан давлати Эрон, Покистон ва Афғонистон буда, дар ин давлатҳо омода ва таёр карда мешаванд. Самт ва ҳадафи асосии онҳо барои сарнагун кардани давлати Тоҷикистон мебошад. Чи гунае, ки дар расонаҳонаҳои тамоми дунё шоҳид гаштем ҳатто миллати Афғон иқрор гардиданд, ки аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон дар давлатҳои бегона таёр карда шуда, мақсади асосиашон ин дар Тоҷикистон барпо низоъ мебошад. Ҳатто онҳо гурӯҳҳои муташакил тартиб дода барои ба сарзамини Тоҷикистон убур кардани марз чандин маротиба кушиш карданд.
Дар расонаҳои интернетӣ мушоҳида мекунем, ки Муҳиддин Кабир мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, Манучеҳри Куҳистони ва чанде дигар аз ҷавонони беиффату бесаводро дар атрофии худ ҷамъ карда ба миллат мазамат мезананд. Валле миллати тоҷик хуб дарк намудаст, ки дигарбора фирефтаи ин муллоҳои шайтону хурофотпараст нагардида, ин сулҳи бо пойдорро аз даст додани нестанд. То нафаси охирин мубориза бурда, бо тамоми аъзҳои ҷисму ҷон сулҳу ваҳдати миллиамонро аз даст додани нестем.
Ҷавонони неруманди ноҳияи Муъминобод аз буҳтонҳову туҳматҳои ин разилони бехонумон ғурури миллиашон боло гирифта азм доранд, дар пайи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада барои боз ҳам ободу зебо кардани сарзамини Тоҷикистон камари ҳиммат мебанданд.
Бо ишора ба Муҳиддин Кабириву хутикбачаҳои он, ки оҳоро харони кофир ном мебаром мегуем, ки дар орзӯи шамоли зебои Ватан, дар орзӯи ҳавои мусаффои Ватан бо ҳасрату бо афсуз хоҳед мурд. Он рафторе, ки Парвардигор бо шайтон барои саҷда накарданаш ба одам (алайҳисалом) карда буд, дубора ба шумо пайравони шайтон кард. Бо амри парвардигор шумо иблисҳо аз Ватан ронда шудед. Ба давлату сарвари давлат гила бефоида аст. Зери сиёсати роҳбарияти давлат, фишанги пурзури шербачаҳои Амният нигоҳи шумо ба Тоҷикистони азизу дилоро ҳаром аст.
Нест бод Кабирӣ. Нест бод «Паймони миллӣ» ва пайравону аъзоёни «Гурӯҳи – 24». Нест бод…..
Карим Эмом.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-07-2021, 14:57:08 | Диданд: 262