ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-11807]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6858]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6740]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5642]
5. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-5086]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4908]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4900]
9. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4892]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4491]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. РОЗЕ ДОРАМ, КИ БОЗ НАТВОНАМ ГУФТ
2. ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
3. РӮЗА ЯК СӮ ШУДУ ИД ОМАДУ ДИЛҲО БАРХОСТ
4. АЗ ДАФТАРИ ЁДДОШТ САБАҚИ ТАЪРИХ
5. СОЛ, АММО СОЛИ НООРОМ БУД (ЗИЁРАТИ СИНДЕВ)
6. ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД
Омор
- Хабархо: 2473
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 124742
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 14:55-и санаи 08-уми июли соли 2021 4 сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуданд.
Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.
Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд.
Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-07-2021, 15:56:28 | Диданд: 352