ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10721]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6490]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6418]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5367]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4783]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4641]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4631]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4608]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4235]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
2. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
5. НОМУСБОХТА
6. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
8. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
9. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
Омор
- Хабархо: 2456
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 105132
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 18.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 июли соли равон 345 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо чор ҳазор ҳайвонҳои хоҷагӣ ва воситаи нақлиёт, ки 13-14 июли соли ҷорӣ тавассути хати сарҳади давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буданд, ба минтақаи зисти доимиашон, вулусволии Вахони вилояти Бадахшони ҶИА баргардонида шуданд. Интиқоли онҳо баъд аз он, ки масъалаи таъмини амнияти шахсии онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кафолат дода шуд, ба воситаи минтақаи наздисарҳадии ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб сурат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.
Дар давраи будубоши гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ноҳияи Мурғоб, дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, онҳо аз тарафи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ, сару либос ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда шуданд.
Вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-07-2021, 23:09:40 | Диданд: 490