ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10505]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6368]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6179]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5247]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4607]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4525]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4525]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4517]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4139]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
4. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
6. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
7. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
8. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
9. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
10. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2440
- Расмхо: 39
- Онлайн: 10
- Хамаги омаданд: 74429
Чаро Тоҷикистон дар соли 1992 ба тўфони ҷанг печид?
Ҷанги ба вуқўъ омада сабабҳои объективӣ ва субъективии худро дошт.
Аввалан, дар рафти бозсозӣ чӣ дар миқёси Иттиҳоди Шўравӣ ва чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани моҳона, зиёд шудани миқдори бекорон торафт норозигиро бештар мекард. Сониян дар ибтидои солҳои 90-ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифта, мардуми баъзе ноҳияҳо аз хӯрок, либос, пойафзол мӯҳтоҷӣ мекашиданд.
Раванди демократикунонии ҳаёти чамъиятӣ, ки дар охири солхои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ овард. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократи муқобили Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар воќеахои 11-14 феврали соли1990 дар Душанбе, бо задухурди намоишчиён бо ҳукумат анҷомид. Ин муқовимати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (иборат аз аъзоёни Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон) бо ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии дар солҳои1991 ва 1992 давом ёфта оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт.
Саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон якчанд сабабҳо дошт:
- нобаробар ҷойгир шудани корхонаҳои саноатӣ (бештар дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказии Тоҷикистон), ки боиси паст шудани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияхои ҷанубиву кўҳистонӣ ва норозигии қавму гурўҳҳои (элитаи)"ҷанубӣ" гардида буд;
- дар сари роҳбарияти баландмакоми Тоҷикистон бартарӣ доштани намояндагони «шимол» — вилояти Ленинобод, ки боиси норозигии мансабхоҳони элитаи «ҷанубӣ» буд;
- афзалияти тафаккури қавмию маҳалгароӣ нисбат ба миллӣ байни аҳолӣ (бо сабаби маҳдуд будани робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии байни минтақаҳои ҷумҳурӣ);
- реша давондани мазҳабҳои гуногуни исломӣ ва баланд гардидани нуфузи пешвоёни дини ислом дар байни аҳолии деҳот, ва шиддат ёфтани зиддияти дохилимазхаби ва маҳалгароӣ байни пешвоёни дин;
- зиёд будани аҳолии деҳотӣ (ки асосан камбизоат буданду шумораи бекорон дар ноҳияҳои ҷанубиву куҳистонӣ мунтазам меафзуд) нисбат ба шаҳрӣ ва диг.
Бо мақсади хотима додани ин фоҷиаҳо, ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ) 14 майи соли 1992 ташкил ёфт. Вале ин ҳукумат аз ӯҳдаи хомӯш кардани воқеаҳои сиёсӣ баромада натавонист ва моҳи июли соли 1992 амалиёти ҷангӣ дарвилояти Қурғонтеппа сар шуд. Ҳамин тавр, оташи ҷанги дохилӣ, ё худ шаҳрвандӣ аланга зад. Ҳазорон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷои иқомати худро тарк карда ба давлатҳои Афғонистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷ фирор карданд. Ҷанг ба ҷомеа ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ зарар расонда, одамони зиёде ба ҳалокатI
Шарифхон Тиллоев
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-07-2021, 06:45:28 | Диданд: 504