МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ФИТНАҲОИ НАВБАТИИ «ДӮСТОН»-И МО

ФИТНАҲОИ НАВБАТИИ «ДӮСТОН»-И МО

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

 

Имрӯз Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бо дарвозаҳои боз ва чеҳраҳои кушода нисбати дӯстон ва ҳамсоягони хеш сиёсати худро ба роҳ мондааст. Аммо мутаассифона, баъзе «дӯстон» аз ин фурсатҳо сӯистифода намуда, бо фитнаҳои нав вориди ин кишвар мегарданд. Ва бо ин амалашон мехоҳанд, ки суботу амнияти  ин миллату кишварро барҳам зананд. Ҳарчанд борҳо сиёсатмадорон, олимону донишмандон ва умуман мардуми кишвар аз ин сиёсат бо ҳар роҳу василае интиқод намуданд, аммо ҳамоно гӯши кари ин «дӯстон»-и мо ин ишораву талмиҳро гӯё намешунида бошад. Аз ин рӯ, баъзе аз сокинони кишвари мо аз ин рафторашон ба ғазаб омада, дар назди Сафоратхонаашон тазоҳурот ташкил намуданд. Воқеан, ҳар касе, ки заррае ҳисси ватандӯстӣ дорад, суботи ҷомеа, хушбахтии оилавӣ ва дину мазҳабаш барояш муқаддас аст, бояд ин эътирозро саривақтӣ донад. Дар ғайри ин сурат, ин «дӯстон»-и мо аз оромиши ин миллат сӯистифода хоҳанд кард ва бо овардани ақидаҳои фосид ва ғаразноки хеш ҳам ақидаи ин миллатро ва ҳам оромиши кишварро мехоҳанд барҳам бизананд. Барои ҷавонони имрӯза лозим ва зарурист, ки зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои кишвару миллату мазҳабу ватан ва марзу буми кишвар ҷоннисор бошанд. Ҷавонои азизи мо бояд хуб бидонанд, ки ватану миллат ва мазҳаби хешро дӯст доштан ин нишонаи ҷавонмардист ва ҷавонмардонро Худованд дӯст медорад. Агар мо ба кишварҳои ҳамсояи хеш назар кунем, мебинем ки ин «дӯстон» ба хотири роҳандозӣ кардани мақсадҳои шуми худ оромиш ва суботи он кишварҳоро барҳам заданд. Хушо ба ҳоламон, агар мо аз ин раванди ҳодисаҳо дарси ибрат омӯзем. Чунончӣ шоири бузурги миллати мо Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

Ҳарки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

 

М. Саидаҳмадов,

устоди кафедраи аҳодиси набавии Донишкадаи исломии Тоҷикистон 

Бознашр аз сомонаи http://din.tj/?q=node/873

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-05-2018, 07:09:39 | Диданд: 686