ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9454]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6099]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5809]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4966]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4295]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4267]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4250]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4238]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3902]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61774
Хоинони миллат фарқе аз ҳайвон надоранд

Хоинони миллат фарқе аз ҳайвон надоранд Инсон мавҷудест, ки, пеш аз ҳама, дорои шараф ва номус аст, вагарна инсони шарафу номус гумкарда ҳеч фарқе аз ҳайвон надошта, маънои ҳастияш гум шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки хоинфарзандони ин сарзамин, ки имрӯз дар Варшава беномусона дар зери домони САҲА пинҳон шуда, миллату давлатро барои таваллуд шудани худ айбдор карда истодаанд, ба қатори чунин беномусонанд, ки барояшон ягон арзише мавҷуд набуда, фақат ғуломона ва манқуртона бо дастури хоҷагонашон тамоми қартаҳоро бозӣ даровардан мехоҳанд, то ин, ки имиҷи давлату миллатро дар ҷаҳон паст намоянд. Оё ин нишонаи ватандӯстӣ аст? Оё онҳо миллатдӯстанд? Ҳаргиз не. Ин манқуртон ҳудро тоҷику тоҷикистони ном бурда, зарраи шарму ҳаё накарда, ҳама воситаҳоро истифода бурда истодаанд, ки чун фоҳишаҳои сиёсӣ дар ҳама саҳна бозӣ намоянд. Аҷибаш он аст, ки руйи рост аз иғво истифода бурда, маккорона симои худро ҳар лаҳза иваз намуда истодаанд. Дар роҳи ба даст овардани мақсадҳои ифлоси худ аз тамоми ифлосиҳо истифода бурда истодаанд. Имрӯза хоинони миллат зери шиорҳои исломӣ фаъолият мекунанд. Бадгӯи нисбати давлат, хиёнат ба миллат, аз ҳама нобахшиданиаш боз ҳам гумроҳ кардани мардум бо роҳи ташкили суйиқасд ба ҷони ҳамдигарӣ, тақаллуб, фанду фиреб ва дигар амалҳои гумроҳкунандаю ба доми худу хоҷагони хеш фикананда аз амалҳое ҳастанд, ҳамарӯза дар рафтору гуфтор ва кирдори ин хоинону террористон, амисоли аъзои ТЭТ ҲНИ, ТЭ Гуруҳи 24, АОТ ва дигар гуруҳу гуруҳчаҳое, ки ҳамоно эҷоду таъсиси онҳо бо ҳамон як механизму ҳадаф ва таҷрибаи барвақт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони озмудашуда идома доранд, дида мешавад. Мо ҷавонони саодатманд, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаем, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошем ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбудагон дода нашавем. Сафархони Муҳаббат Сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар н Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-07-2021, 14:54:32 | Диданд: 356