ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9453]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6099]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5809]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4966]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4295]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4267]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4250]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4238]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3902]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61767
Имрӯзҳо хоинони милат аз қабили Муҳаммадиқбол ва дигар думравонаш бар он ақидаанд, ки бо дуруғу найрангҳояшон мардумро фирефта карда таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамоян.

Имрӯзҳо хоинони милат аз қабили Муҳаммадиқбол ва дигар думравонаш бар он ақидаанд, ки бо дуруғу найрангҳояшон мардумро фирефта карда таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамоян. Дар замони мо паҳн намудани иттилоот на танҳо бо мақсади хабардор нмудани одамон оиди ягон масъала, балки як воситаи хуби маблағ ба даст овардани бархе аз одамон гаштааст. Дар ин радиф шабакаҳои иҷтимоии интернетро як зумра хоинони кишвари мо мехоҳанд барои вайрон кардани мафкураи шаҳрвандорн, бахусус ҷавонон истифода намоянд. Вазъи имрӯза ва сиёсати пешгирифтаи давлатро ба қавли худашон таҳлил менамоянд. Бархе аз ин инсонҳои ватангадо бар он ақидаанд, ки имрӯз онҳо мисли Амрикоиҳо ё Олмониҳо бояд зиндаги дошта бошанд. Дастовардҳои мардуми кишвари худро нодида мегиранд. Онҳо гумон намекунанд, ки барои ба чунин сатҳ расидан вақт ва заҳматҳои калон кашиданамон даркор аст. Олмон ва Амрикониз яку якбора ба ин сатҳ нарасидаанд. Яке аз дастовардҳои бузурге, ки мо дар ин давра дар баробари ба даст овардани истиқлолият ба даст овардем ин сатҳи роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифтан, дар кишвар сулҳу суботро пойдор гардонидан ва ба ваҳдати миллӣ расидан ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки доғи рӯз мебошад чунин иброз менамояд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва мутаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Дар шароит кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон таввасур кардан ғайри имкон аст. Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ 20 сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Бояд қайд намуд, ки барои ин қабил шахсон на манфиати давлату миллат, балки манфиати шахсӣ, яъне ба даст овардани пӯл дар ҷои аввал меистад. Лекин дар коре, ки маблағ ҷудо шудааст, ҳатман ҳисоботи хароҷот талаб карда мешавад. Бинобар ин ба ном “ғамхорони мардум”, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд маълум, ки пул кор карданро тавассути сиёҳ кардан ва пастзадани давлати хеш ёфтаанд аз ин роҳи худ баргаштани нестанд. Ҳаргиз ниятҳои нопоки онҳо амалӣ намешаванд. Зеро мардуми тоҷик ва аз он ҷумла ҷавонон мақсаду ниятҳои нопоки ин дурӯябозони ватани худро медонанд ва ҳеҷгоҳ намегузоранд, ки чунин бадкирдорон бо ҳамроёни хоҷагони худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари биҳиштосои мо анҷом диҳанд. Сокини ноҳияи Восеъ Маҳмадзода Ш.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-07-2021, 14:46:57 | Диданд: 264