ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10722]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6490]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6419]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5367]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4784]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4641]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4632]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4609]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4235]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
2. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
5. НОМУСБОХТА
6. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
8. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
9. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
Омор
- Хабархо: 2456
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 105154
БАДГУФТОРӢ БА ВАТАН АЗ ХИЁНАТ АСТ!
БАДГУФТОРӢ БА ВАТАН АЗ ХИЁНАТ АСТ! Тоҷикистони маҳбуби мо дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии қарор дорад. Агар бигӯям, ки ин сулҳу субот ин пешравиҳо бузургтарин дастоварди даврони Истиқлолияти кишварамон аст, хато нахоҳад буд. Барои ноил шудан ба ин дастовардҳои бузург ҳамватанони мо мушкилоти зиёдеро аз сар гузарониданд. Пеш аз ҳама сухан албата дар бораи гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ меравад, ки ёди он дар даҳсолаҳои оянда аз хотири ватандорони асил нахоҳад рафт. Душманони дохилӣ ва хориҷии миллати мо, ҳарчанд кушиш карданд миллатро пароканда ва тоҷиконро беватан кунанд, ин нияти зишти худро натавонистанд амалӣ созанд. Зеро хушбахтона бо шарофати фарзандони ба нангу номуси миллат ба мо муясар шуд роҳи низоъи даҳшатнокии дохилиро гирем, барои низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем. Аммо бингаред ба муаммоҳои ҳаёт, ки дар сафи ин миллати сарбаланди тамаддунофар, ашхосе мавҷуданд, ки бо амалҳои зиддимиллии худ унвонии душман ва хоини миллатро ба худ касб кардаанд. Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, ки ба ҳамагон маълуманд, яъне Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамаслакони чунин ашхоси ифротгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди ваҳдату ягонагии милат, Истиқлоли давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсти фарҳангсолори тоҷик аст, суханрониҳои иғвоангез мекунанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таблиғоти ин ашхоси миллатситез пурра дар дораи идеалогияи ҷангу хунрезӣ дар сарзамини муқаддаси мо Тоҷикистони азиз, пеш бурда мешавад. Чунин ашхосро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-08-2021, 14:34:23 | Диданд: 315