ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9451]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6099]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5809]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4966]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4294]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4267]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4250]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4238]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3902]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61756
Душманони дохилӣ ва хориҷии миллати мо, ҳарчанд кушиш карданд миллатро пароканда ва тоҷиконро беватан кунанд, ин нияти зишти худро натавонистанд амалӣ созанд.

Душманони дохилӣ ва хориҷии миллати мо, ҳарчанд кушиш карданд миллатро пароканда ва тоҷиконро беватан кунанд, ин нияти зишти худро натавонистанд амалӣ созанд. Тоҷикистони маҳбуби мо дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии қарор дорад. Агар бигӯям, ки ин сулҳу субот ин пешравиҳо бузургтарин дастоварди даврони Истиқлолияти кишварамон аст, хато нахоҳад буд. Барои ноил шудан ба ин дастовардҳои бузург ҳамватанони мо мушкилоти зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст ва шахсият фаъолият хизматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рушан аст . Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти милату давлат хуб медонад ва обурӯву эътибори абармарди бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳони пазируфта шудааст. Ба ҳамагон маълумаст, ки ҳоло шахсони иғвоангезу тафриқаандоз ба мисли Муҳаммадиқбол, Кабири ва дигар ҳамаслаконашон дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун “ватандусту ватанпарвар” вонамуд кардан мехоҳанд. Муҳаммадиқболи Садриддин ва тарафдорони ӯ ҳам баъзе чизҳоро ба фаҳмиши худ дарк намуда, ба фаъолияти бедоғи 29-солаи Асосозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёҳие чаконанд. Вале халқи тоҷик акнун ба дурӯғу иғвогариву казобиҳои душманони халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бовар намекунад. Ҷаҳони муосир дар панҷаи абарқудратҳо, ки кӯраи оташинро мемонад ба задухурдҳои иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иттилоотӣ мекӯшад ва рӯз то рӯз шадидтар гардида истодааст. Имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ шудааст, Тоҷикистони мо низ, ки узви ҷомеаи ҷахонист аз ин хатарҳо эмин нест. Зеро душманони миллат, аз ҷумла саркардаҳои ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияти он дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон шудааст, дар хориҷи мамлакат дар кишварҳои Аврупоӣ маскан гирифта, тариқи шабакаҳои иттилоотӣ бо дурӯғи бӯхтон санг мезананд. Бо ин амалашон мехоҳанд фазои амну суботи ҷомеаи тоҷикро халалдор созанд. Мардуми тоҷик ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини ноҳияи Восеъ: Нозанини Ҳамза.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-08-2021, 15:28:43 | Диданд: 271