МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТААССУБИ ДИНИРО РӮШНОИИ ЗИЁӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД

ТААССУБИ ДИНИРО РӮШНОИИ ЗИЁӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД

Дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда  дучор омадам:
«Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он, дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст».
«Тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
«Мо - наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем».

Ин суханони ҳидоятгари Пешвои миллатро ба назар гирифта, метавон андеша ронд, ки мо ҳамчун  табақаи зиёии кишвар ва давомдиҳандагони кори аҷдодони хирадмандамон оё медонем, то чӣ андоза тавонистаем  рисолати худро иҷро кунем, то чӣ андоза дар сарнавишти ояндаи  давлат ва миллат масъулияти шахсии хешро эҳсос намудаем. Ҳамин аст, ки чун мехонаму  мешунавам  чӣ миқдор ҷавонони тоҷик ба кишварҳои ҷангзадаи арабӣ рафта, бо созмонҳои  сияҳкори иртиҷоии ДОИШ ва монанди он пайвас-таанд, ё узвияти ташкилоти экстремистии ҳизби наҳзати исломро пазируфтаанд, худро гунаҳкор медонам. Чаро? Чунки ман ҳамчун як зиёӣ, як омӯзгор натавонистаам аз зеҳни ҳамдиёрам боварҳои иртиҷоии диниро берун кунам. Бояд аз худ пурсид: чӣ гуна шудааст, ки идеологҳои фарсахҳо аз кишвари мо дур, ба забону фарҳанги мо бегона, як ҷавони тоҷикро аз оғӯши модар, аз сарзамини падарон, аз байни мо ҷудо карда, ба вартаи ҳалокат, бенангиву бешарафӣ кашидааст. Ва барои посухи боварибахш ва қотеъ додан ба чунин пурсиш моро мебояд иқрор бишавем, ки рисолати худро ҳамчун зиёӣ ба тавре ки зарур асту бояд иҷро накардаем. Мо - зиёиёне, ки аҳли илм ва эҷод ҳастем ва асару мақолаҳо таълиф, барномаҳои радиову телевизионӣ таҳия  менамоем, филмҳову асарҳои саҳнавӣ меофарем, аз минбарҳо сухангустарӣ мекунем, ба таври басанда натавонистаем ба дили ҷавонон роҳ ёбем, суханони Пешвои миллатро дар мавриди муқаддасоти марзу бум, хештаншиносии миллӣ дар зеҳни ҷавонон ҷой диҳем. Зеро, хештаншиносии миллӣ, меҳри Ватан ин ҳамон масуниятест (иммунитет аст), ки ба сони сӯзандоруи пешгирикунандаи марази вогир намегузорад, ки бемории ватанфурӯшӣ пайкари ҷавононро рахна кунад. 
Ба ростӣ,  солҳои ахир иддае аз зиёиён ҷилави корро аз даст раҳо карда, онро ба муллонамоёни чаласавод вогузоштаанд. Онҳо бо гуфторҳои ғаразноки аз илмҳои фиқҳу худошиносии солим дур мардумро, бахусус табақаи ҷавонро ба гумроҳӣ мебаранд. Ҳатто шабакаҳои иттилоотӣ, гаҳе  дар суханронӣ  перомуни  ирфону тасаввуф чунон ба ифрот роҳ медиҳанд, ки кас гумон мекунад мавзӯи адабиёти куҳани мо танҳо аз танқиди дунёи фонӣ (гузаро) ва таърифи дунёи бақо (он дунё) иборат бошад. Аммо, пештар ва бештар ба файласуфон, сиёсатшиносон ва  адабиётшиносони донишманд равшан аст, ки осори классикони мо аз андешаҳои ватанпарастӣ, зебоишиносӣ, меҳр ба ҳамдигар ва соири мавзӯъҳои ҳидоятгари пиндору гуфтору кирдори нек саршор мебошад.
Дар тарбияи ҷавонону наврасон таблиғи дӯст доштани зиндагӣ, зебоиҳои он, бар хилофи ноумедӣ аз зиндагӣ ва нигилизму дунёбезорӣ аҳамияти калон дорад. Дар гирду атрофи мо  ҷавононе, ки ҳанӯз дар зиндагӣ гомҳои устувор нагузошта, хешро нокоми тақдир мешуморанд, бисёранд. 
Онҳо ба он идда аз ҳамсолони худ, ки шояд комёбу нисбатан бархӯрдор аз хушиҳои  рӯзгоранд, нигариста, ба  ноумедиҳо гирифтор мешаванд. Баъзеҳо  раҳоиро дар дингароӣ пайдо кардан мехоҳанд ва аз миёни онҳо ҷавони сустиродаро неруҳои тундгарои хориҷи кишвар ба ботлоқи ифротгароии динӣ меафкананд. Чун мебинанд, ки рафтори онҳо ба атрофиён, аз ҷумла ба духтарон хуш намеояд, ҳамаро макрӯҳ медонанд ва ҳама касро мушрик мехонанд. Ҳатто ба иффату покии занону хоҳарони хонадони хеш шак бурда, дар симояшон поймолкунандагони динро мебинанд. Иддае аз онҳо дар навҷавонӣ омӯхтани касберо мақсад накарда, ба назди муллои чаласаводу  ҷоҳиландеша мераванд ва гӯё ба омӯзиш мепардозанд. Азбаски забони арабиро намедонанд (он муллои омӯзгораш низ забони арабиро намедонад), тафсирҳои ғалатгунаи чанд ояи  Қуръонро дарёфта, даст ба корҳои нохуш мезананд. Ин гуна ҷавонон ба маънии калимаи «ҷиҳод» дуруст дарнарафта, онро танҳо зӯроварӣ мепиндоранд ва нисбат ба шахсони дар чашмашону фаҳмашон мушрик мехоҳанд хушунат нишон диҳанд. Аммо онҳо, азбаски аз саводу тарбияи ҷиддӣ дур мондаанд, намедонанд, ки “ҷиҳод” ба маънии ҷидду ҷаҳд кардан аст дар роҳи росту дуруст. Яъне ҷидду ҷаҳд барои кори хайреро анҷом додан, саводу касб омӯхтан ва монанди он. Муборизаи ақлу ҷаҳл, фасоду бунёдгузорӣ асрҳо дар ҷараён аст. Ҷойи афсӯс аст, ки имрӯз силоҳи мубориза ниҳоят гуногун ва дар ҳадди қатли ом аст. 
Бузургони илму ирфони тоҷик аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ, Аҳмади Дониш,  Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдулҳамид Самад, Ҳақназар Ғоиб, Ашӯр Сафар ва дигарон дар роҳи муборизаи нур бар торикӣ асарҳои омӯзанда эҷод кардаанд. Омӯзиши ҷиддӣ ва пайвастаи эҷодиёти бобаракати онҳо дар дасти зиёиёни мо силоҳи пурзӯре мебошад. Ва яке аз вазифаҳои муҳими  мо он аст, ки осори хирадмандонамонро омӯхта, андешаҳои зиндагисози онҳоро дар тарбияи ҷавонони кишварамон оқилона истифода барем.
Дар ин росто эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, ки имрӯзҳо мо 140 - солагиашро васеъ ҷашн гирифтем, намунаи барҷастае мебошад. Ин пири хирад дар ҳама асарҳои бадеӣ, илмӣ ва публитсистии худ ба исбот расондааст, ки ҷаҳолати динӣ боиси бадбахтии давлат ва гумномии миллат мегардад. 
Сиёсатшиносон ва коршиносон пайдоиш ва густариши ҳаракатҳои таассубгароии исломӣ, ташкилотҳои ҳизбии диниро омӯхта, дар ин маврид натиҷагириҳои дақиқ ҳосил кардаанд. Аз ҷумла, бо далелҳои қотеъ равшан намудаанд, ки дастгоҳҳои ҷосусии кишварҳои ҷаҳонхор аз роҳи табдил додани  исломи муътадил ба идеологияи радикалӣ, гурӯҳҳои ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Асбат-ал-Ансор», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон», «Давлати исломӣ», ташкилоти экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигарон, беш аз 65 гурӯҳу ҳаракатҳоро созмон додаанд.
Ин ҳаракатҳову гурӯҳҳои экстремистӣ аз ҳам тафовути кам доранд ва ҳадафи онҳо ягона аст: дар зеҳни мардум ҷой кардани мафкураи эътироз, дар кишвар бунёд намудани нооромиҳо, созмони давлатҳои исломӣ ва монанди он. Тавре аз таҳқиқоти коршиносон бармеояд, бо аъзои ба ташкилотҳои ифротгароӣ шомилгардида, аз субҳ то вақти хоб имомҳое ба тарбия машғуланд, ки аз рисолати муҷоҳид ва лаззати нӯшидани ҷоми шаҳодат, сайру гашт дар боғи биҳишт суханронӣ намуда, гуфтаҳои худро бо оёти Қуръон ва ҳадисҳо ороиш медиҳанду асоснок месозанд. Аз байни онҳо як идда ҷавонони то андозае ба бемории рӯҳӣ гирифторшударо ҳамчун сарбозони интиҳории (худкуши) лашкари ислом интихоб мекунанд. Аз рӯи гувоҳии як ҷавони ба фиреб гирифтор, ки ӯро дар урдугоҳи Лубнон ҳамчун бомбаи зинда тайёр карда буданд ва тасодуфан хешро натарконда, зинда мондааст, имом ба онҳо чунон таъсир расонда будааст, ки шогирдони худкуш аз омӯзгор зориву тавалло мекарданд, ки зудтар онҳоро ба иҷрои супориш, яъне таркондани худ дар байни одамони ба пиндорашон мушрик бифиристад, то ки зудтар ба биҳишт бирасад. 
Омӯзгорони «фанни» ифротгароӣ шогирдонро талқин менамоянд, ки гӯш фаро додан ба гуфтори мушрикон гуноҳ аст. Онҳо ё ба гуфтори шахсияти аз нигоҳи худашон обрӯманд гӯш фаро медиҳанд ё бидуни таҳаммул ақидаи шунавандаро ҳеҷу пуч арзёбӣ мекунанд. 
Зикри ин мисол ва намуна ба он хотир аст, ки ба саволи “Чаро зиёиёни мо  ба таври басанда ба дили ҷавонон роҳ пайдо карда натавонистаанд?” посухе пайдо кунем. Шояд зиёии тоҷик рисолати худро, гузашта аз ин, масъулияти хешро дар беҳсозии ҷомеа, давлатсозиву миллатсозӣ ба таври зарурӣ дарк накарда бошад. Ва ё шояд дар замири худ ҳақиқатеро намехоҳад ҷой диҳад, ки ин оромиву осудагии аз хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳазорон ранҷи мардум ба даст омадаро бояд бо тамоми ҳастӣ ҳифз ва пойдортар кард. Шояд зиёии имрӯз ба сарнавишти ояндаи Ватани акнун ба ободиву хуррамӣ расида, ба ояндаи фарзандону наберагони худ бетафовут бошад? Воқеан, бетафовутӣ ба ояндаи Ватан ва азизони худ аз бадтарин кирдорест, ки инсони дорои чунин андешаро наметавон на танҳо зиёӣ номид, балки чунинҳо ба худии худ шарики хоинони миллат шумурда мешаванд. Ба назар мерасад, ки яке аз иллатҳои асосии воқеаҳои нангбори худкушии тоҷикон дар солҳои 90 - уми асри гузашта ба раҳгумӣ расидани табақаи зиёиёни кишвар мебошад. Ин табақаи ба беҳсозии шуури оммаҳо сару кор дошта, дар паспардаи шиорҳои озодии сухан, гуногунии андеша, ба чеҳраҳои кӯтоҳандешони сиёсати давлатдорӣ ва ҳангомахоҳони наҳзати дини ислом ба таври гузаро нигариста, саргузашти чандинкаратаи  шикастҳои тоҷиконро аз ифротгароиҳои динӣ такрор намуда буданд. Дар кишвар ҳуқуқ ба озодии динӣ, ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, дахолат накардани давлат ба ҷамъиятҳои динӣ ва монанди он боқӣ монд. Аз он давра ба баъд дар Тоҷикистон тадриҷан зиёдшавии тамоюли экстремизми исломӣ ташаккул ёфта, рушди босуботи кишварро таҳти хатар қарор медод. Ҳизби наҳзати ислом, ки хешро наҷотбахши кишвар эълон карда буд ва аз тарафи ҳомиёни хориҷии худ бархӯрдори дастгирии моливу сиёсӣ буд, симои экстремистии худро дар паси гуфторҳои зиндагисози озодиву демократия пинҳон дошта, талоши шадид дошт, ки ҷилави давлатдориро ба даст оварад. Вале, шахси равшанбин аз шеваи давлатсозии кишварҳои исломӣ огоҳ буд, ки ислом усулан бо табиати худ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирад ва ҳамин аст, ки дар ислом ба рӯҳоният ва дунявият тақсим кардани падидае вуҷуд надорад. Ислом на танҳо дин аст, балки модели (шакли) сохтори сиёсӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Ҳамон гуна ки маълум аст, сарони динҳои дигари ҷаҳон барои ба сари қудрати давлатӣ омадан талош намекунанд, аммо таассубгароёни дини ислом ҷилави ҷунбишҳои миллиро ба даст гирифта, дар якчанд кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Покистон, ҷумҳуриҳои исломӣ чунин мақсаду ҳадаф доштанашонро эълон карданд. Муаллифони инқилобҳои ин кишварҳо муътақиди  андешае мебошанд, ки ислом танҳо бо неруи аслиҳа пирӯз мешавад, аммо барои пирӯзии ислом ибтидо  бо такя бар ақлу хирад ва ҷиҳод бар нафси худ, бар аъмоли зишту кирдорҳои бади инсонӣ бояд кард. 
Таърихчаи навини исломи сиёсӣ аз ҳодисаҳои таърихии ҷанги Мисру Исроил дар солҳои 60 - уми асри XX (1967) оғоз меёбад. Пас аз шикасти Миср аз тарафи Исроил, кишварҳои Шарқи Наздик рӯ ба исломикунонии сиёсат оварданд. Ва дар навбати худ ҳаракатҳои иҷтимоии солҳои 60-70 боиси болоравии оммавии ҳаракатҳои мусулмонии сиёсӣ гардид, ки дар ин маврид маҳз зиёиёни кӯтоҳандеши он кишварҳо исломро муваффақона ҳамчун василаи фарогирии сиёсии омма ба кор бурданд ва фақеҳон (рӯҳониён) дар ин росто беш аз пеш нақши фаъолро иҷро кардан гирифтанд.  Ҳамин тавр, табақаи зиёии Миср зимоми сарварии сиёсиро бар омма аз даст доданд ва чуноне ошкор аст, дар ин кишвар даргириҳои нав ба миён омада, боиси талафоти ҷонии калоне гардиданд. 
Дар солҳои 70-80 шеваи сиёсигардонии ислом дар кишварҳои Шарқи Наздик ташаккул ёфт. Яъне он рӯ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ: нахуст ба водии Фарғонаи Ӯзбекистон ва сипас ба водии Вахши Тоҷикистон ниҳод. Дар ин маврид дар фароянди сиёсигардонии  ислом нақши равшан асарҳои наҳзатиёни исломӣ, аз ҷумла Ҳасан ал - Банно ва Сайиди Қутб доштанд. Тавре маълум аст, ҷонибдорони он ҷараёнҳо имрӯз дигар силоҳи вазнини ҷангӣ ба даст, бо лаҳни фашистҳои ҳитлерӣ, бо каломи «Аллоҳу акбар» бар лаб, аз хуни бегуноҳон дарё меофаранд. Ва бешууронаву ҷоҳилона азми сохтани империяи исломиро доранд.
Дар марҳилаи кунунӣ экстремизми исломӣ пайваста тобишҳои нав  ба нав ба худ касб карда, кайҳост, ки омили равшани сиёсати ҷаҳонӣ гаштааст. Чуноне аз дарёфтаҳои аксарияти муҳаққиқон бармеояд, таъсиргузории экстремизми исломӣ ва ба  таври умумӣ омили исломӣ ба системаи муносибатҳои байналмилалӣ хусусияти дарозмуддат дорад ва дар падидаҳои зерин зоҳир мегардад:
Дараҷаи бағоят фавқулодаи радикализм ва ифротгароии (экстремизми) исломӣ;
Ташкил ва бунёди сохторҳои трансмиллии террористӣ ва шакли ифротгароие, ки дорои шабакаҳо мебошад; 
Интиқоли шаклҳои гуногуни ҷиҳод ба марзҳои берунии ҷаҳон (Фаронса, Русия, ИМА, Испания, ҷумҳуриҳои Осиёии пасошӯравӣ, мисли Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра);
Кор гирифтан аз васоити техникии пешрафта ва навъҳои ҳозиразамони аслиҳа;
Ҳамгироӣ бо муҳити ҷиноятии хусусияти трансмиллӣ дошта, пеш аз ҳама, бо тиҷорати маводи мухаддир;
Майлу кӯшиш надоштан ба ягон шакли муҳовара ва гуфтугӯҳо.
Бад-ин тартиб дар он рӯзгоре, ки экстремизми исломӣ даст ба террори иттилоотӣ, террори психологӣ, террори таблиғотӣ ва террори мусаллаҳ задааст ва таҳдид ба озодии эътиқод, осудагиву оромии мардум бурдааст, чӣ гуна метавонад як зиёӣ мушоҳидагари бетараф бошад.
Дар поён бояд низ чунин хулоса кард, ки роҳи расидан ба хештаншиносии миллӣ ва дар ин замина таъмини ваҳдати миллӣ аз самте гузар дорад, ки ҳар як зиёии кишвар бояд масъулияти худро, барои пойдории давлат ва ваҳдати миллии он эҳсос кунад. Сарнавишти ҳеҷ қавме ба худии худ тағйир намеёбад, магар он ки қавм худ сарнавишти хешро тағйир диҳад. Агар онҳое, ки оромиву осудагии мардум, аз ҷумла хонадони худро бихоҳанд, вале амалан дар талоши таъмини осудагии мардумони кишвар набошанд ва дар масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи хеш бетарафу тамошобин бошанд, аз ҷараёни  давлатсозии  навини  тоҷик  дур  хоҳанд  монд. 
Вале, мо некбин ҳастем. Бар он боварем, ки зиёиёни тоҷик, аз ҷумла зиёиёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз на эътирози коҳилона, балки муборизаи ҷиддӣ ва оқилона мебаранд ва дар роҳи таҳким ва суботи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми сазовор мегузоранд. 
АБДУЛЛО ҲАБИБУЛЛО, 
узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бознашр аз сомонаи рӯзномаи Ҷумҳурият 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-06-2018, 13:48:59 | Диданд: 677