МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Пешво дорем фарде бебаҳо

Пешво дорем фарде бебаҳо

Пешво дорем фарде бебаҳо Ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бинобар ин мехоҳам дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат андешаҳои худро баён намоям. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад. Баробари Истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ душвор аст, лекин нигоҳ доштани он аз он мушкилтар аст. Сарвари мо - Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд давлатро барқарор кунад, онро нигоҳ дошта, рушд диҳад. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ яъне Президент будан арзанда аст. Пешвои маҳбуби миллатро ҳамаи мардуми тоҷик сидқан дӯст медоранд ва ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст. Худо хандид бар рӯят, амон бош, Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош. Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам, Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош. Мо ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пешаи худ намуда истодаем. Ман аз номи худам ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати иди расмии рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик намуда, ба ҳама оромӣ дар хонаву оила, якдигарфаҳмӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзуманд ҳастам. Мирзоева Гулрухсор – мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуотӣ КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-11-2021, 08:18:14 | Диданд: 277