МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум.

Иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум.

Иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум. Бояд тазаккур дод, ки санаи 24 декабри соли 2021 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъвати шашум бо баррасии ҳафт масъалаи асоси баргузор гардид. Кори иҷлосияро муовини раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон ифтитоҳ намуд. Бояд ќайд намуд, ки зимни суханрониаш раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов вобаста ба таъмини волоияти қонун риояи тартиботи ҷамъиятӣ коҳиши мизони ҷиноят содиркуни ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳифзи сулҳу субот ва рушди корҳои ободону созандаги қайд намуд. Маврид ба зикраст, ки дар баробари ҳафт масъалае, ки мавриди муҳокима қарор гирифта буд яке аз масъалаҳои муҳимми ин иҷлосия ин ҳифзи сулҳу субот ва рушди корҳои ободону созандаги буд. Оиди ҳодисаҳои санаи 25-28 ноябри соли 2021 дар ноҳияи Рошқалъа ва шаҳри Хоруғ ба вуқуъ омадаро иброз намуданд. Пас аз ибрози ин ҳодисаҳо сабаби асосии ба эътироз баромадани гуруҳи аз шаҳрвандони ноҳияи Рошқалъа дар соатҳои аввали ин ҳодиса норизоияти онҳо аз тарзу усули амалиёти анҷомдодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошти шаҳрванди ин ноҳия гумонбар Гулбиддин Зиёбеков ба шумор мерафт. Бузурге мефармояд: Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад, Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад. Зиёбеков бо ҳамдастагонаш аз гӯруҳи муташакили ҷинояти корманди дотситони ноҳияи Рошқалъаро гаравгон гирифтааст. Ҳарчанд агар гаравгонгии дотситон соли 2020 бошад лек Зиёбеков дар ҷӯстуҷу қарор дошт ҳангоми амалиётҳои ҷустуҷуи ва боздошт шуданаш ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода аз писталети тамғаи макаров, ки ғайриқонуни дар ихтиёраш будааст оташ мекушояд ва дар натиҷаи оташи ҷавобии мақомот ҷинояткор захмдор гардида кушта шудааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таблиғоти ин ашхоси миллатситез пурра дар дораи идеалогияи ҷангу хунрезӣ дар сарзамини муқаддаси мо Тоҷикистони азиз, пеш бурда мешавад. Чунин ашхосро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Дар робитаи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштан, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Дар шароит кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон таввасур кардан ғайри имкон аст. Сокини ноҳияи Восеъ. Ализода Ё.С. Иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум. Бояд тазаккур дод, ки санаи 24 декабри соли 2021 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, иҷлосияи ҳаштуми маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъвати шашум бо баррасии ҳафт масъалаи асоси баргузор гардид. Кори иҷлосияро муовини раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон ифтитоҳ намуд. Бояд ќайд намуд, ки зимни суханрониаш раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов вобаста ба таъмини волоияти қонун риояи тартиботи ҷамъиятӣ коҳиши мизони ҷиноят содиркуни ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳифзи сулҳу субот ва рушди корҳои ободону созандаги қайд намуд. Маврид ба зикраст, ки дар баробари ҳафт масъалае, ки мавриди муҳокима қарор гирифта буд яке аз масъалаҳои муҳимми ин иҷлосия ин ҳифзи сулҳу субот ва рушди корҳои ободону созандаги буд. Оиди ҳодисаҳои санаи 25-28 ноябри соли 2021 дар ноҳияи Рошқалъа ва шаҳри Хоруғ ба вуқуъ омадаро иброз намуданд. Пас аз ибрози ин ҳодисаҳо сабаби асосии ба эътироз баромадани гуруҳи аз шаҳрвандони ноҳияи Рошқалъа дар соатҳои аввали ин ҳодиса норизоияти онҳо аз тарзу усули амалиёти анҷомдодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошти шаҳрванди ин ноҳия гумонбар Гулбиддин Зиёбеков ба шумор мерафт. Бузурге мефармояд: Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад, Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад. Зиёбеков бо ҳамдастагонаш аз гӯруҳи муташакили ҷинояти корманди дотситони ноҳияи Рошқалъаро гаравгон гирифтааст. Ҳарчанд агар гаравгонгии дотситон соли 2020 бошад лек Зиёбеков дар ҷӯстуҷу қарор дошт ҳангоми амалиётҳои ҷустуҷуи ва боздошт шуданаш ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода аз писталети тамғаи макаров, ки ғайриқонуни дар ихтиёраш будааст оташ мекушояд ва дар натиҷаи оташи ҷавобии мақомот ҷинояткор захмдор гардида кушта шудааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таблиғоти ин ашхоси миллатситез пурра дар дораи идеалогияи ҷангу хунрезӣ дар сарзамини муқаддаси мо Тоҷикистони азиз, пеш бурда мешавад. Чунин ашхосро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Дар робитаи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштан, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Дар шароит кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон таввасур кардан ғайри имкон аст. Сокини ноҳияи Восеъ. Ализода Ё.С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-12-2021, 07:17:14 | Диданд: 237