ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10504]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6363]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6175]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5247]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4602]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4524]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4520]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4517]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4138]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
3. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
5. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
6. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
7. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
8. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
9. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2439
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 74260
Ворух- сарзамини аҷдодии халқи тоҷик аст.
Ворух- сарзамини аҷдодии халқи тоҷик аст. Вокуниш: Ворух-ин сарзамини аҷдодии халқи тоҷик аст. Сарзамине, ки гузаштагони мо аз азал то имрӯз зиндагонӣ доранд. Сарзамини мардуми тамаддунофару фарҳангдӯст аст. Ҳар як халқу миллат барои хоки Ватани азизи худ мубориза мебарад. Ватане, ки моро тарбия мекунад, ба воя мерасонад ва дар канори хеш модарвор ба оғуш мегирад. Чаро имрӯз мо баҳри дифои ӯ сар баланд накунем, овоз набарорем, барояш тану ҷонамонро фидо насозем? Ба оинаи таърих назар афканем, барои ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки Ватан Восеъ, Шерак, Темурмалик, Спитамен, Деваштиҷ ва садҳо қаҳрамонони дигар барои нест кардани аҷнабиён ҷонбозиҳо намуда, сарсупардаи халқу миллати худ гардида буданд ва имрӯз дар дилу дидаҳои мардум бо нақшҳои заррин сабт гардидаанд. Бегонае, ки ба марзу буми мо омада, худсарона реша давонда, соҳиби мулк шуданӣ аст, мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён намегузорем ва ба решаи ӯ теша зада, шармандавор аз Ворухи азизамон меронем, чунки Ватан ба мо пушту паноҳ ва макони муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҷое, ки муқаддас аст пойи нохалафе набояд расад. Ҳар нафаре, ки ҳадди худро надониста, бо ғаразҳои бад қадами шумашро ба хоки меҳани мо мегузорад, маданият, урфу одат ва анъанаҳои моро поймол мекунад, несту нобудаш хоҳем кард. Дар асл, мо мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҳизбиёни ноҳияи Кӯшониён барои сулҳу субот ва оромии Ватанамон мубориза мебарем, чунки мо даъвои миллатгароиро надорем. Шиори мо зиндагии шоиста кардан аст. Ворух як гӯшаи диёри Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад ва касе инро ҳаққи инкор кардан надорад. Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-12-2021, 14:04:47 | Диданд: 300