ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9424]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6098]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5807]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4965]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4292]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4266]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4249]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4237]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3901]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61683
Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем.

Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Тавре мардуми шарафманди маҳбуби тоҷик огоҳи доранд, дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити арзанда баҳри расидан ба орзуву омили наҷиб ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагии тамоми сокинон тадбирҳои судманд андешида шудааст. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон, фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ экстремистӣ тақозо менамояд, ки мо сатҳи роҳи амали шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Маврид ба зикр аст, ки тай рузҳои охир вазъ дар ВМКБ ноором асту мардум норозигии худро нисбат ба давлату Ҳукумат мекукнанд, онҳо намедонанд, ки бо ин рафтор ва амалҳояшон вазъиятро бадтар месозанду беҳтар не. Ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кули ин сокинон чунин иброз медорам, ки барои доштани чунин фазои осоишта шукргузор бошанд. Чунки мо дар кишвари тинҷу ором, дар кишвари соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем, медонем, ки ҳеҷ кас ба ҷони мо хатар расонида наметавонад, барои он, ки амнияти мо дар муҳофизат аст. Пас мо бояд аз ин давлату Ҳукумат шукургузор бошему дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем. Ҳеҷ як давлати рӯйи дунё, ҳеҷ як хоҷа бе манфиати худаш бароямон коре намекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тарақӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойгарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Пешвои Тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мо ҷавонон, набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва фирефтаи ҳаргуна созмонҳо шавем, ояндаи давлату миллат аз мо вобастагии қавӣ дорад. Мақсаду мароми мо бозҳам густариш додани сарҷамъӣ, тифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлон, сархушии ҳамагон мебошад. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-01-2022, 08:16:53 | Диданд: 238