МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Чеҳраи хиёнаткорро бояд шинохт.

Чеҳраи хиёнаткорро бояд шинохт.

Чеҳраи хиёнаткорро бояд шинохт. Дар ин давраи ҳасосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳибистиќлол гаштем ва давлати мустақили миллии хешро дорем. Мо мардуми шарафманди миллати тоҷик фахр аз он дорем, ки дар чунин Ватани ободу зебо ва тинҷу ором умр ба сар мебарем. Аммо ҳастанд нафарони хиёнаткоре аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин ва дига ҳамаслакони онҳо ки, пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, мехоҳанд кирдорҳои нопоки хешро роҳандози намоянд. Албатта, хиёнат бузургтар аз ҷиноят аст ва дар ҳеҷ гӯшаву канори олам хиёнат бахшида нашудааст ва имрӯзҳам бахшида нахоҳад шуд, инро набояд фаромӯш созанд душманони миллати тоҷик минҷумла ин хоинони бадниҳоду бадгавҳар. Имрӯзҳо ин хоинони миллат сомонҳои ифротиро дар шабакаҳои иҷтимои бо маблағгузорӣ хоҷагонашон таъсис дода, ба мардум фиребиву мардумозори даст мезананд. Дар ҳақиқиат ҳам, ҳамин рафтор ва муносибатҳои бадхоҳонаи ин бе ватанҳо нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин палидон зархариди душмани миллату ватани хеш гардида барои ду танга ба чӣ хиёнатҳо қодиранд. Хиёнатро аз рафтори пасти нафароне медонанд, ки бо амалҳои ноҷавонмардонаву туҳмату бӯҳтон ба нафаре, ё бар халқе равона мегардад. Ин гуна афроди ҷомеа, ки дар гузашта дуздию ҷинояткори мекарданд, имрӯз барои ноил шудан ба амалҳои номатлуби худ аз дин устокорона истифода мебаранд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар киву ҳар чӣ ки алоқаманди ба амалҳои нопок доранд, дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванду номашон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои сиёҳ сабт мешаванд ва сазовори нафрати умуми мешаванд. Мо ҷавонои саодатманди Тоҷикистон бо такя ба дастгирии давлату ҳукмат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гунна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин дода нашуда, баҳри ободиву созандагии кишвари азизамон талош намоем. Зеро мо ҷавонон пайравони асили Пешвои миллат будем ҳастем ва мемонем. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Ализода Ё.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-01-2022, 08:18:13 | Диданд: 240