ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10723]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6490]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6420]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5369]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4784]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4643]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4632]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4610]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4236]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
2. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
5. НОМУСБОХТА
6. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
8. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
9. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
Омор
- Хабархо: 2456
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 105192
Миллати тоҷик хоинонро нахоҳад бахшид.
Миллати тоҷик хоинонро нахоҳад бахшид. Мусаллам аст, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузарпонида бо хислатои наку тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арасаи ҷаҳон мавқеву манзалети хешро по барҷо нигоҳ медорад. Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо ба монанди Кабири ва дигар думравонаш аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳан бунёдро бадном созанд. Ягона ҳадафи ӯ ҷамъоварии манфиати худ яъне пулу мол ва сарвату давлат мебошад. Ин хоин бамақсадҳои худ расида наметавонад чунки хоин ҳаст ва мемонад. Ин Худобехабарон дар таърих ҳамчун душману хоини миллати тоҷик ном бурда мешаванд ва насли оянда номи онҳоро бо нафрат ба забон хоҳанд гирифт, Шоир мефармояд: Ҳар, ки бар душмании халқ равонас чу даҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад. Бояд гуфт, ки хатарҳои терроризму экстремизм, яке аз мушкилотҳои асосии глобалӣ ба ҳисоб меравад. Мо ҳамагон бояд бидонем, ки ин хоинони миллат ба ҷуз фиребу найранг, куштору ғорат ва ноорому бесубот кардани кишвар дигар нақшае надоранд. Имӯзҳо мутаъсифона аксари онҳо, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳкоми фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгарӣ, бадқасди, ғайритаҳамулпазирӣ хос аст, ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафию ахлоқи он бар пояи адолат баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Мо мардуми шарафманди тоҷик зери осмони софу беолоиш дар фазои сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ рӯҳияи ободкориву созандагӣ зиндагонӣ мекунанд. Миллати тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ, ин афроди ифротгарову терорист ва ин хиёнаткоронро, ки нону намаки ин сарзаминро хӯрда, носипосӣ карданд, нахоҳад бахшид. Сокини ноњияи Восеъ Ш. Саймуддинзода
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-01-2022, 08:20:06 | Диданд: 290