ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9420]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6098]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5807]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4965]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4292]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4266]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4249]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4237]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3901]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61675
Муҳаммадиқболи Садрдин курнамак

Муҳаммадиқболи Садрдин курнамак Вокуниш: Мо ҷавонон амалҳои террористиро маҳкум менамоем Муҳаммадиқболи Садрдин яке аз чеҳарҳои хоинон ба ин миллат аст ў барои боз ҳам ба он рўзи сангин баргардонидани ин миллати сарафроз бо маблағгузории хоҷагони худ кушиш меамояд. Дар воқеъ ин миллат як маротиба он рўзҳои сангинро аз сар гузарогнидааст. Дигар ҳеч як хоине ба мисли Муҳамадиқболи Садрдин наметавонад бо ҳар гунна дасисаву суханони пучи худ ин миллатро сарсону саргардон кунад. Агар Муҳаммадиқбол ватандуст мебуду сарҷаъмии ин миллатро мехост, ҳеҷ гоҳ аз дуриҳои дурр нишаставу суи ин миллат санг намезад. Барои мисол Муҳаммадиқбол низ яке аз ҷавонони сини даъватии он солҳои ҷанг буд. Барои чи роҳи мудофиаи Ватанро интихоб накард агар озодии ин миллатро мехост. Лекин ин хоин додаи нафс аст ва ҳеч гоҳ озодиву оромиро дар ин сарзамин намехоҳад ин бозичаи дасти хоҷагони худ аст ба ҷуз ин роҳ дигар роҳе надорад. Ман ҳамчун як ҷавони даврони соҳибитиқлолии ин сарзамин ба ин хоин муроҷиат карда мегуям, ки ин миллат дигар он миллати солҳои 90-ум нест, ки дасисаи бозии Шумо хоинон шавад ин миллат амалҳои Шумо хоинонро маҳкум менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тарақӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойгарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Пешвои Тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мо ҷавонон, набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва фирефтаи ҳаргуна созмонҳо шавем, ояндаи давлату миллат аз мо вобастагии қавӣ дорад. Мақсаду мароми мо бозҳам густариш додани сарҷамъӣ, тифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлон, сархушии ҳамагон мебошад. Сокини ноҳияи Восеъ Шодибеки Иди
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-01-2022, 14:11:20 | Диданд: 229