МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Тафсир барноамест, ки тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандонро баланд мебардорад.

Тафсир барноамест, ки тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандонро баланд мебардорад.

Тафсир барноамест, ки тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандонро баланд мебардорад. Барномаи “Тафсир”-ро тамошо карда, хостам, ки фикру муллоҳизаҳои худро манзур намоям. Дар ин барнома дуруст қайд карда шуд вобаста ба бетарафии баъзан шаҳрвандон. Дар ҳақиқат воқеаҳои ахири ВМКБ роҷеъ ба амал намудани кори ғайриқонунии як қатор ҷавонон боиси нигаронӣ аст. Имрӯз аз чи бошад, ки тамоми шабакаҳои телевизиони воқеаҳои ҷангу ҷидол ва мудохилаи баъзан давлатҳои абарқудратро ба давлати Сурия, Ироқ ва Афғонистон нишон ҳам диҳад барои баъзеҳо ибрат нест. Ҳангоми риояи накардани қонун ва ташкили митинугу гирдиҳамоиҳо барои терористону экстремистон заминаи мусоид буда, амнияти моро халалдор месозанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонон ба ҷои саҳм гузоштан дар тинҷиву оромии кишвар ва ё мусодат кардан баҳри пешравии кишвар даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананду зиндагии рангини худро ба зулмату торикӣ табдил медиҳанд? Сабаби ин ҳама гумроҳӣ чӣ бошад? Чӣ омилҳо метавонад ҷавононро ба содир намудани ҷиноят водор созад? Ба ин саволҳо танҳо чунин посух додан мумкин аст, ки ҳамаи ин аз рӯи надоштани саводӣ кофӣ, дур будан аз фарҳангу хештаншиносӣ ва ин чунин гумроҳиву зудбовар будани аксарияти ҷавонон мебошад. Бояд қайд намоям, ки мо ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравем. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро, алалхусус мардуми сарбаланди ВМКБ-ро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда кишвари худро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дорем, баҳри пешрафту тараққиёт, рушди нумӯи кишвари азизамон сидқан талош намуда, аз содир намудани ҳар гуна ҷиноят худро эмин нигоҳ дорему ҳаёти ширину рангини худро бо дастони худ тираву торик насозем, баръакс бо дӯст доштани ватану миллати хеш ояндаи дурахшоне бисозем. Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-01-2022, 13:09:36 | Диданд: 218