ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9420]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6098]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5807]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4965]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4292]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4266]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4249]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4237]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3900]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 61655
Ворух порае аз қалби Тоҷикистон аст.

Ворух порае аз қалби Тоҷикистон аст. Тайи чандин солҳои охир порчаи замини бо ҷон барорбари мо Ворух сари забонҳост, ки он натанҳо мафҳуми номи як деҳаро дорост, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони ҳама манотиқи Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистонро дар атрофии сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат бо ҳам муттаҳид гардидааст. Муноқиша ва нофаҳмие, ки миёни мардуми ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омада буд, боиси норозигӣ, нороҳатӣ, нооромиҳои мунтазами ҷомеа шуда истодаанд. Бо барангехтани низо ва нофаҳмиҳо ҷониби қирғизҳо мехоҳад, ки порпи дили мо –Ворухро аз худ кунанд. Ворух як пораи Тоҷикистон аст ва ин марзи кишвар чун ҳар пораи кишвари азиз барои мо муқадас мебошад. Ҳақиқати таърихи яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад. Ин ҳақиқаи бе баҳс аст, ки мутасифона, қирғизон, бе ягон асос даъвои заминҳои мазкурро доранд. Ҳамин як руҷуъ ба таърихи моҷароҳои марзӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар муноқиша ҷониби Қирғизистон боиси рух додани нофаҳмиӣ дар хати марз мешаванд. Мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ваҷаб обу хоки мукаддас Ватани азизамонро ҳифз мекунем ва баробари ободу зебо гардонидани ин гўшаи кишвари азизамон-Ворухро дар оянда ба насли ҷавон мерос мегузорем. Мардуми ҳамсоякишвари моро мебояд, ки аз нуқтаи назари таърихи сухан карда, бедалел ба андешаи фитнакоронаашон даъвои марзхоҳи нанамоянд. Мо тоҷикон хоки ин сарзамини аҷдодиамонро ба ҳеҷ гунна дурру гавҳар надиҳем ва шумо низ ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ муносибати дустонаро миёни ду давлат барҳам насозед зеро мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳанд. Бори дигар ба мардуми олам эътироф мекунем, ки ноҷавонмардӣ, ва ноадолати дар хоки марзи Қирғизистону Тоҷикистон ирода ва хостаи Тоҷикистон набуд, зеро ки тоҷик ҳеҷгоҳ қотил набуд. Омӯзгори МТМУ №4 ноҳия Ё. Алиев.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-02-2022, 10:38:52 | Диданд: 237