Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3935]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53676
ИФРОТГАРО ГУМРОҲИ БЕДИНУ МИЛЛАТ
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонист. Дар тӯли ин солҳо ҳамчун як кишвари мустақил бо ташаббусҳои созандаи худ дар байни давлатҳои ҷаҳон мақоми муайянро ишғол намудааст, ки боиси фараҳмандист. Бо сарварии Пешвои миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст.
Дар ҳудуди мамлакат ҳизби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамаи онҳо ба таври қонунӣ фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд. Барои ҳама имкониятҳои якхела фароҳам оварда шудааст. Ин омили асосии бунёди ҷомеаи дун-явию демократӣ дар мамлакат мебошад. Аммо баъзе аз гурӯҳ ва созмонҳое арзи ҳастӣ намуда буданд, ки озодӣ ва баробариро ба мақсадҳои нопоки худ истифода бурданд. Аз ҷумла, ҲНИТ амну оромии мардуми моро ба ҷангу ҷидол табдил додан хост, вале тираш хок хӯрд.
Асре, ки дар он зиндагӣ дорем, давраи рушди инноватсия аст. Мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расидаанду бо илми худ кайҳонро забт намудаанд. Аммо ин ҳизб дар ҷомеа тухми кинаву адоват-ро мекишт, насли ҷавонро чун идомадиҳандаи «амали солеҳ»-и худ тарбият менамуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар асри XXI нодуруст паҳн кардани ғояҳои исломӣ ва ба мубориза даъват намудани мардуми мусалмон гумроҳӣ ва хиёнати бузурге аст. Ин роҳ танҳо ба самти ҷаҳолату торикӣ мебарад.
Роҳбарону аъзоёни ҲНИТ танҳо дар фикри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буданд. Онҳо ягон барномаи иқтисодӣ ва сиёсии худро ба беҳбудии зиндагӣ, пешрафту тараққиёти кишвар пешниҳод накардаанд. Мумкин аст баъзе фикру ақидаҳои пойдарҳавои онҳо як гурӯҳи муайянро гумроҳ намуда бошад, лекин ин роҳ роҳи сарбастааст ва касро ба манзили мақсуд намерасонад.
Чуноне ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар расонаҳои иҷтимоӣ чун интернет баъзе паҳлуҳои фаъолияти норавшану сиёҳи роҳбарияти ин ҳизб ошкор гардид. Барои онҳо ва тарафдоронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.
Миллати тоҷик дигар тарафдори ҷангу ҷидол, хунрезиву низоъ ва қатлу куштор нест. Худ ва сарзаминашро ба коми оташ намепартояд.
М. ҲАСАНОВ, устоди ДДҲБСТ
Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-06-2018, 12:08:25 | Диданд: 854