ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9420]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6098]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5807]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4965]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4292]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4266]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4249]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4237]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3900]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61661
Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем.

Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, ки ба ҳамагон маълуманд, яъне Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамаслакони чунин ашхоси ифротгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди ваҳдату ягонагии милат, Истиқлоли давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсти фарҳангсолори тоҷик аст, суханрониҳои иғвоангез мекунанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таблиғоти ин ашхоси миллатситез пурра дар дораи идеалогияи ҷангу хунрезӣ дар сарзамини муқаддаси мо Тоҷикистони азиз, пеш бурда мешавад. Чунин ашхосро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Бисёр аламовараст вақте мешунавем, ки як қисми ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони худро дар кишварҳои бегона баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки барои ин гуна ҷавонон чи намерасад? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видиои гирдиҳамоии хоинони миллат аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, Салмон ва як ду нохалафи бадбахти Гуруҳи 24 пахш гардид, ки чанд нафари ноошнову ношинос ва фиребхӯрда нисбати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат бадгӯӣ мекунанд. Онҳо нобиноёна дастовардҳои Тоҷикистони азизро нодида гирифта, худро ҳомии озодию демократия меҳисобанд. Мо амалҳои иғвоангезонаи онҳоро маҳкум менамоем ва таъкид менамоем, ки нсибати Ватан, Модар ва миллат бадгӯиҳоро бас кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тарақӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойгарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Пешвои Тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мардуми тоҷик ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини ноҳияи Восеъ Анвар Карим.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-02-2022, 09:35:23 | Диданд: 253