МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бояд гуфт, ки ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеи иқтисоди, иҷтимоӣ ва фарҳанги доранд.

Бояд гуфт, ки ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеи иқтисоди, иҷтимоӣ ва фарҳанги доранд.

Бояд гуфт, ки ҳамсоягии тоҷикону қирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеи иқтисоди, иҷтимоӣ ва фарҳанги доранд. Ворух яке аз вожаҳои куҳани суғдӣ будааст ва мардуми ин минтақа то ҳанӯз куҳнатарин вожаи Тоҷикии аҳди сомонӣ, нахустин давлати Тоҷиконро дар гуфтори хеш истифода мекунад. Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ва масъалаи анклав будан, пешниҳоди иваз намудан бори дигар ин нуқтаро равшан месозад, ки ҷониби Қирғизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазор сола фурӯгузорӣ мекунанд ва намехоҳанд онро, ки дар саифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷи этироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоҳ доштаанд, қабул менамояд. Ҳамин сарусадоҳо, ки ахиран дар муносибат ба рустои Ворух ба миён гардид, бори дигар водор сохт, ки бо такмили ин матлаби нашршуда боз ҳам матолибе дар ассоси навиштаҳои донишмандони хориҷӣ биафзоем ки ҳамагӣ ҳақиқати таърихии яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад. Мавҷудияти ҳазорон аз чунин аснод, ки ба ҳаққи таърихи мардуми тоҷик ишорат мекунад, ба кашфи ҳақиқати таърих роҳ кушоем. Бо ишорат ба ин чанд санади таърихӣ ва адабӣ ҷой гирифтаанд, аллбата мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ надорем, бар акс бо зикри ин матолиб мехоҳем танҳо ин нуқтаро изҳро дошта бошем, ки ин ҳақиқатҳои таърихӣ, ки ҳаргиз аз саифаҳои хотираи башарият ҳаргиз фаромуш намешавад ва ба унвони далоили таърихӣ ҳамеша бо мо ва аз мо ҳастанд. Бо ин ҳама мардуми тоҷик мисли ҳамин фарзандони фарзонааш, уки ҳатто аз марзҳои ба истилои муталлиқ ба ҷуғрофияи Қирғизистон ҳамчун намояндаи миллати тоҷик берун омадаанд, танҳо тавасути фарҳангу адабиёту маърифат ба сӯи ҷаҳон, тамоми мардуми олам роҳ кушодаанд. Сокини н.Восеъ Қурбонализода Ё.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-02-2022, 07:57:15 | Диданд: 230