МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Тоҷикистон ҳар зара хокат баҳримо гавҳар аст.

Тоҷикистон ҳар зара хокат баҳримо гавҳар аст.

Тоҷикистон ҳар зара хокат баҳримо гавҳар аст. Ҳақиқати таърихи яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад. Ҳамин як руҷуъ ба таърихи моҷароҳои марзӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар муноқиша ҷониби Қирғизистон боиси рух додани нофаҳмиӣ дар хати марз мешаванд. Муноқиша ва нофаҳмие, ки миёни мардуми ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омада буд, боиси норозигӣ, нороҳатӣ, нооромиҳои мунтазами ҷомеа шуда истодаанд. Бо барангехтани низо ва нофаҳмиҳо ҷониби қирғизҳо мехоҳад, ки Ворухро аз худ кунанд. Ворух як пораи Тоҷикистон аст ва ин марзи кишвар чун ҳар пораи кишвари азиз барои мо муқадас мебошад. Ворух яке аз вожаҳои куҳани суғдӣ будааст ва мардуми ин минтақа то ҳанӯз куҳнатарин вожаи Тоҷикии аҳди сомонӣ, нахустин давлати Тоҷиконро дар гуфтори хеш истифода мекунад. Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ва масъалаи анклав будан, пешниҳоди иваз намудан бори дигар ин нуқтаро равшан месозад, ки ҷониби Қирғизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазор сола фурӯгузорӣ мекунанд ва намехоҳанд онро, ки дар саифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандони хориҷи этироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоҳ доштаанд, қабул намоянд. Ҳамин сарусадоҳо, ки ахиран дар муносибат ба рустои Ворух ба миён гардид, бори дигар водор сохт, ки бо такмили ин матлаби нашршуда боз ҳам матолибе дар ассоси навиштаҳои донишмандони хориҷӣ биафзоем ки ҳамагӣ ҳақиқати таърихии яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад. Мардуми ҳамсоякишвари моро мебояд, ки аз нуқтаи назари таърихи сухан карда, бедалел ба андешаи фитнакоронаашон даъвои марзхоҳи нанамоянд. Мо тоҷикон хоки ин сарзамини аҷдодиамонро ба ҳеҷ гунна дурру гавҳар надиҳем ва шумо низ ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ муносибати дустонаро миёни ду давлат барҳам насозед зеро мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳанд. Мо мардуми тоҷик як зара хоки Ватани азизамонро ба ҳеҷ дуру гавҳар намедиҳем. Сокини ноҳияи Восеъ: Саъдизода Ё.С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-02-2022, 12:44:32 | Диданд: 254