ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9396]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6098]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5807]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4965]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4292]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4266]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4248]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4237]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3900]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61630
Вазъи имрӯзаи шаҳри Хоруғ нигароникунанда аст.

Вазъи имрӯзаи шаҳри Хоруғ нигароникунанда аст. Вокуниш. Вақтҳои охир масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғи маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рух дода истодаанд тамоми мардуми кишварамонро нигарон намуда истодааст. Низоъҳое, ки имрӯз аз ҷониби ашхоси ҷинояткору тарсу ва бевиҷдону беъмарифат, ки барангехта шуда истодаанд хеле нигароникунанда мебошад. Ҳодисае нангине, ки як нафар авбошу ҷинояткор сокини шаҳри Хоруғ Мамамадбокиров Боқир бо яроқи отафишон, нисбати омӯзгор, Сардори Раёсати маорифи ВКМБ Лутфулло Наврӯзов ки дар тарбия ва ба камол расонидани насли наврас шабу руз заҳмат мекашад лату куб ҳақоратҳои қабеҳ, таҳқир намудааст маҳкум менамоям. Саволе пеш меояд, ки чи гуна ин авбошон дар байни ҷомеа соҳибнуфузу бо қавле лидер шудаанд? Агар яке аз ин ҷинояткорон ба доми қонун афтанду тафтишот сар шавад сокинони шаҳри Хоруғ ошуб бардошта ба ҳимояаш мехезанд. Ана ҳамин асос мешавад, ки ин ҷинояткорон худро «қаҳрамон» метобанду ба лидер табдил меёбанду даст ба ҷиояту ҷинояткорӣ, лату куби шаҳрвандон аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ мезананд. Вақте, ки омӯзгор-тарбятгари ҷомеа аз ҷониби ин шӯрапуштон лату куб мегардад боиси нигаронист. Ба қисман сокинони шаҳри Хорӯғ муроҷиат намуда, талаб дорем, ки фарзандонатон хешу таборатон авбошию қонуншиканӣ ва даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезанад ба ҷои насиҳату пешгирӣ ба ҳимояташ мехезед Чаро ба ҳимояи омӯзгор- шахси бегуноҳ, ки аз ҷониби як нафар ҷиноятпеша бо таҳдид бо яроқ лату куб ва ҳақоратҳои қабеҳ нисбати номусу шарафаш кардааст намехезед. Аз Шумён хоҳиш менамоем агар ба Ватани худ фоида расонидан наметавонед, масъулияти инсонии худро оиди таъмин суботу оромии кишвар гум накунед. Мо сокинони вилояти Хатлон рафтори ин авбоши ҷинояткоро маҳкум менамоем ва аз мақомотҳои қудратии кишвар қотеона талаб менамоем, ки нисбати чунин ашхоси ҷинояткор чораҳои фаврӣ андешанд. Ин ашхоси ҷинояткору авбош дар ёд дошта бошанд, ки имрӯз дасти Ҳукумат ба ҳамаи ҷамбаҳо мерасаду қодир аст, ки амнияти шаҳрвандонро дар ҳар вазъу ҳолате, ки бошад ҳимоя менамояд.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-03-2022, 14:17:41 | Диданд: 214