МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВАЗИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН

ВАЗИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН

ВАЗИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз қаторкӯҳҳои паси Олой оғоз гардида, тавассути қаторкӯҳҳои Олоӣ, Зарафшон, Туркистон, ва сипас то водии Фарғона дар пайвастагии сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон давом мекунад. Дарозии Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан 987 км-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз соли 2004 дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ амал менамоянд. Аз он ҷумла “Гулистон” дар ноҳияи Исфара, “Маданият” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Овчӣ-Қалъача” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, “Қизил-Арт” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Қарамиқ дар ноҳияи Ҷиргатол Соли 2000 нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии се кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой тавассути ба имзо расондани Созишномаи сеҷониба байни кишварҳои номбурда муайян гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯрави Сотсиалистӣ дар ҳайати як давлати бузург қарор доштанд ва ин ду кишварро сарҳадҳои маъмурӣҷудо менамуданд. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон,зарурати муайян намудани хати Сарҳати давлатӣ (делимитатсия) бо ин кишвар бавуҷуд омад. Бо ин мақсад,соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳати давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташкил гардид. Музокироти дуҷониба вобаста ба делимитатсия Сарҳади давлати ду кишвар аз соли 2002 оғоз гардида, дар давраи охири соли 2013 зиёда аз 500 км хати Сарҳади давлатӣ делимитатсия карда шудааст. Вохӯриҳои Комиссияи байниҳукуматии номбурда бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдориду кишвар ва коршиносони соҳавӣ соле 3-4 маротиба баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ муҳокима мегарданд. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила Н.Неъмонова

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-03-2022, 13:53:57 | Диданд: 304