МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мардуми тоҷик мардуми сулҳпарвар аст.

Мардуми тоҷик мардуми сулҳпарвар аст.

Мардуми тоҷик мардуми сулҳпарвар аст. Ба ҳама маълум аст, ки минтақаи афсонавӣ, халқи соҳибмаърифат, соҳибтамаддун, соҳибҳунар ва сарбаландӣ Помир бо урфу одатҳои гуногуни худ ҳамеша таваҷӯҳи на ин ки халқи Осиё, балки сайёҳони дигар давлатҳоро ба худ ҷалб мекунад. Сайёҳон ба минтақаи Тоҷикистон ташриф орварда, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмил муарифи менамояд. Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии ахолии Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат дар солҳои охир, дар ҳамаи соҳаҳои вилоят тағийроти кулли ба амал омадааст. Самараи сулҳу оромӣ ва Истиқлолияти комил дар ин гушаи Ватани азизамон буд, ки дар ин гушаи дурдасти мамлакат яке аз донишгоҳи нуфузи байналмилалидошта, Донишгоҳи осиёи Марказӣ дар ВМКБ сохта ба истифода дода шуда имрўзҳо садҳо донишҷуёни дохилӣ ва хориҷӣ дар ин даргоҳи илм таҳсил мекунанд. Бояд қайд намоем, ки тай чанд вақти охир, ки масъалаи ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ вириди забони мардуми ҷумҳурӣ, минтақа ва олам гаштааст. Маврид ба зикр аст, ки чунин ҳолат пеш аз ҳама, манзалату обуруӣ миллати тоҷикро доғдор месозад. Дур не агар аз дарё он тараф ба давлати бо ҳамин минтақаи Тоҷикистон яъне Бадахшон ҳаммарз назар афканем аз сабаб набудани сулҳи саросари дар ин кишвар то ҳол мардум бо ҳайвон (хар, асп) маҳсулоти рузгори хешро мекашонанд, ки ин метавонад барои ҳар як нафар тоҷик аз он ҷумла мардуми Бадахшон дарси ибрат бошад. Вале имрӯзҳо бархе аз нафароне, ки маънои аслии Истиқлояту озодиро намедонанд ба ҳар гуна дасисаву иғво дода шуда санги маломат мезананд. Бояд доданд, ки имрӯз сулҳ дар саросари кишвари мо тоҷикон ҳукуфармост ва ҳеҷ як гунаҳкор дар назди қонун бе ҷавоб намемонад. Дониста бошед, ки ҳар нафаре, ки имрӯз бар зидди қонун амал мекунад дар назди қоунун ҷавоб медиҳад. Ба мардуми бадахшон муроҷиат карда мегуям, ки ба ҳар гуна дасисаҳои пуч, ки мақсади он разилон танҳо аз байн бурдани сулҳу оромист дода нашванд. Зеро баъди аз даст додани ороми боз миллат ба гумроҳи мезанад ва дубора он ашки соли ҷанг аз чашми модари тоҷик мерезад. Сокини ноҳияи Восеъ: Саъдизода Ё.С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-03-2022, 13:08:20 | Диданд: 231