ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9396]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6098]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5807]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4965]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4292]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4266]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4248]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4237]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3900]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61631
Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зеботар ва мардумаш худро озодтару хушбахт, дар фазои тинҷу ором дида бо шукургузории зиёд умр ба сар бурда истодаанд.

Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зеботар ва мардумаш худро озодтару хушбахт, дар фазои тинҷу ором дида бо шукургузории зиёд умр ба сар бурда истодаанд. Симои аслии Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар думравонаш маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. М.Садриддин вақте аъзои собиқ ҳизби Наҳзати ислом айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш хиёнатро ба халқу ватани худ сар кард. Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳаммадиқбол кашида буд оқибат ӯро шармандаю русиёҳ намуд. Имрӯз, ки Мҳаммадиқбол ва ҳамаслакони каждумсирати ӯ паймонҳо таъсис медиҳанду онро дар сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд, андешаи онро надораннд, ки бо ин усул нафрати милионҳо одамони сайёраро бар муқобили худ бармехезонанд. Ин ҳама пешравиҳову хушбахтиҳо душманони ин миллатро аз қабали Муҳаммадиқбол ва ҳамаслакони бесаводу беақлаш ба монанди худаш ба кибру ғурур оварда, дур аз ватани азизи мо бо пайравии хоҷагонашон истода, чи гуфтану чикор карданашонро баҳри халалдор намудани амнияти миллии мо намедонанд. Ман ба душманони миллат аз қабили Муҳаммадиқбол, ва дигар ҳамаслаконаш бо пайравии хоҷагонашон муроҷиат карда гуфтаниям беҳуда кушиш нанамоянд, ки ба ин давлат баргаштану ҳукмрони карда наметавонанд. Чунки мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд. Халқи тоҷик хизматхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон –ро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад. Мақсаду мароми миллат амнияти миллиро барои мардуми Тоҷикистон таъмин намудан ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро баланд бардоштан аст. Бояд қайд намуд, ки мақомотҳои қудрати шабу рӯз баҳри амнияту суботи мардуми кишварамон хизматҳои шоиста намуда, талош бар он менамоянд, ки он шахсоне, ки бо ниятҳои ғаразноки худ дар ин ё он минтақаи Тоҷикистони азизи мо баҳри халалдор намудани амнияту суботи мардум таблиғоту ташвиқот бурдан мехоҳанд мубориза бурда тамоми чораҳоро меандешанд, то ин, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин ҳавои беғубори ин ватан озодона умр ба сар баранд. Мардуми тоҷик ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини ноҳияи Восеъ Қурбонализода Ё.С.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-03-2022, 14:35:21 | Диданд: 216