МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЭҲТИЁТ ШАВЕД! ПЕШНИҲОДИ «ДӮСТӢ», БАҲСҲОИ МАЗҲАБӢ – НИШОНАИ АВВАЛИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО

ЭҲТИЁТ ШАВЕД! ПЕШНИҲОДИ «ДӮСТӢ», БАҲСҲОИ МАЗҲАБӢ – НИШОНАИ АВВАЛИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомотипрокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид карда будандки муборизаро боҷиноятҳои иттилоотӣкибертерроризм ва ҷиноятҳоеки тавассути шабакаҳои интернетӣсодир мегардандҷоннок намоянд.

Чанд моҳи охир паҳншавии маълумоти дурӯғ ва дастраси дигарон гардидани маълумоти шахсии корбарон дар Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мавзӯи баҳси сиёсатмадорону таҳлилгарон ва коршиносон табдил ёфтааст.

Пештар аз ин, «Лоиҳаи мубориза бо терроризм» – як ташкилоти ғайритиҷоратии Амрико, пас аз таҳлили шуморе аз саҳифаҳои фейсбукии истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоӣ дар 96 давлати ҷаҳон эълон дошт, ки Facebook ба аъзои созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» кумак мекунад.

Грегори Уотерс ва Роберт Постингс, онҳое, ки ин таҳқиқотро гузаронидаанд, ба The Daily Telegraph гуфтаанд, ки «пас аз як маротиба ворид шудан ба саҳифаи фейсбукии ҷонибдорони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Филиппин Facebook ба онҳо корбарони дигари ин шабакаро аз саросари ҷаҳон, ки онҳо низ аъзои ин гурӯҳи террористианд, ҳамчун дӯстони эҳтимолӣ пешниҳод намудааст».

Муҳаққиқон аз як ҷонибдори гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» аз Индонезия мисол меоранд, ки тариқи Facebook бо як сокини шаҳри Ню-Йорк дӯстӣ пайдо карда, ба ӯ матлабҳои тарғибкунандаи ғояҳои террористӣ мефиристад ва пас аз шаш моҳ амрикоии аз дин умуман бехабар ҷонибдори гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» мешавад.

Нафаре, ки мехост дар арафаи таҷлили иди мазҳабии мелод дар Британияи Кабир амали террористӣ содир кунад, аз ҷониби аъзои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» бо пешниҳоди Facebook ҷалб ва ташвиқ шуда буд.

Грегори Уотерс ва Роберт Постингс гуфтаанд, ки дар се моҳи аввали соли 2018 дар Facebook тақрибан 2 миллион матлабҳои таблиғқунандаи терроризм ва ифротгароӣ, ки ба гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» ва «Ал — Қоида» рабт мегиранд, нашр гардидаанд. Кормандони шуъба ва барномаи махсусе, ки матлабҳои дорои хусусияти ифротиро ошкор ва пок месозанд, наметавонанд ҳамаи матлабҳоро сари вақт аз саҳифа тоза намоянд.

Аз ин изҳороти муҳаққиқон хулоса кардан мумкин аст, ки новобаста ба андешидани тадбирҳо, ҳоло ҳам матлабҳои зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Пас, оё истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз ин хатар эминанд?

Феълан 1,6 миллион ё 19 % аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Ҳар рӯз ҳазорҳо одамон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, маводи хонданӣ, расм ва видео мегузоранд ва саҳифаҳои дигаронро мутолиаву тамошо менамоянд. Дӯстони зиёд пайдо намуда, суҳбатҳо мекунанд, андешаҳояшонро менависанд, ба матлабҳои писандидаашон «лайк» мегузоранд. Аммо на ҳамеша ва на ҳар нафар дарк мекунад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ ва ташвиқ хеле моҳирона истифода мешавад. Аз ин сабаб, баъзан огоҳона ва баъзан ноогоҳона ба доми таблиғгарону ташвиқгарони гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ меафтанд. Пас аз мутолиа ва муоширати зиёд баъзеҳо наметавонанд сиёҳро аз сафед фарқ кунанд. Аъзои гурӯҳҳо мешаванд ва ба таблиғи матлаби ифротгароӣ оғоз мекунанд. Бехабар аз он ки ин амали онҳо ғайриқонунӣ аст ва тибқи қонунҳои кишвар барои он ҷазо пешбинӣ шудааст.

Чанде пештар суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Вахш Алиҷон Шариповро барои «ташвиқу тарғиби маводи дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва пайравӣ аз ақидаҳои ифротӣ» ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард. Алиҷон Шарипов соли 2017 ҳангоми дар Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои таблиғотии ҳизби мамнӯъи наҳзатро тамошо карда, зерашон «класс» мондааст ва онҳоро ба дигарон фиристодааст. Пас аз бозгашт аз муҳоҷират ба таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротии худ идома додааст. Ӯ дар мурофиа ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфтааст, ки «намедонист ин ҳизб дар Тоҷикистон экстремистиву террористӣ эълон шуда, ташвиқи ақидаи онҳо ҷиноят ҳисоб мешавад». Дар ҳоле, ки тариқи ВАО дар бораи хатари ин ҳизбу дигар гурӯҳҳои ифротӣ ҳар рӯз гуфта мешавад.

Моҳи феврали соли 2018 суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҷомадов Нурхонро барои суиқасди ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ҳукми суд, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки «Ҷомадов Нурхон Амрохонович моҳи июни соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Владивостоки Россия рафта, тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетии «Одноклассники» ва «Зелло» ба аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ба ном «Давлати исломӣ» Абдураҳмон Гадоев, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум мебошад, шиносоӣ пайдо намуда, даъватҳои ӯро оид ба иштирок дар ҳайати ин ташкилоти террористӣ дар ҳудуди Сурия қабул ва ҷонибдорӣ намуда, сипас қасди ба Сурия рафтан ва дар якҷоягӣ бо дигар аъзои ин ташкилоти террористӣ — экстремистӣ «ҷиҳод» содир намудан кардааст».

31 октябри соли 2015 суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Хуросон Илҳомиддин Алланазаровро, ки бо номи «Худо нигаҳбон» бо радиои интернетии «Zello» ҳамкорӣ намуда, узви созмони фаъолияташ манъшудаи «Гурӯҳи 24» будааст, се сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ тариқи интернет дар бораи фаъолияти радиои «Zello», яке аз пойгоҳҳои сарҷамъшавии ифротгароҳову экстремистҳо маълумот гирифта, бо номи рамзии «Худо нигаҳбон» ба созмони «Гурӯҳи 24» шомил шудааст ва ҳамдеҳаҳои худро ба тарафдории созмони «Гурӯҳи 24» даъват намудааст.

Ин мисолҳои мушаххасе буданд, ки сокинони Тоҷикистон тариқи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайваст шуда, ҷиноят содир намудаанд. Тибқи маълумоти расмии интишоршуда, 80 дарсади иштирокчиён дар ҷангҳои мазҳабӣ аз Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ташкилотҳои террористӣ шомил шудаанд.

Танҳо дар Россия 28 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои тарғибу ташвиқи ифротгароиву экстремизм тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарҳрезии амалҳои террористӣ ба кофтукоби байналмилалӣ дода шудаанд.

Суоле пайдо мешавад, ки оё имкони пешгирӣ аз паҳншавии маводи дорои хусусияти террористиву ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад?

Коршиноси масъалаҳои технологияҳои интернетӣ Рустам Гулов мегӯяд, ки пурра идора ва назорат кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман интернет ғайриимкон аст. Механизми ягонаи назорати шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло мушаххас нашудааст. Ҳалли ин мушкил бештар аз дониш ва саводи истифодабарандагон вобаста аст.

Нафаре, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебарад, чӣ кор бояд кунад, то ба доми ифротгароҳову террористоне, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ одам ё «дӯст» мекобанд, гирифтор нашавад?

Рустам Гулов мегӯяд, ки ҳар нафаре, ки аз интернет истифода мекунад, ба маълумоте, ки дар он паҳн мешавад, бояд бо назари интиқодӣ нигарад.

«Пешниҳоди «дӯстӣ»-и нафаронеро, ки дар зиндагии ғайримаҷозӣ намешиносад, қабул накунад. Кӯшиш бояд кунад, ки ба баҳсҳои динӣ ҳамроҳ нашавад, зеро сатҳи дониши динии ҳар нафар дар ҳамин гуна баҳсҳо муайян мегардад ва ифротгароҳову экстремистҳое, ки мехоҳанд ин нафарро ба ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб кунанд, маҳз аз дониши сусти динии ӯ истифода мекунанд», — мегӯяд Рустам Гулов.

Канор гузоштани маводи иттилоотиву омӯзишӣ ва ба тарғиботу ташвиқоти ифротгароён дода шудани баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, равоншинос Маҳмадулло Давлатов ба тарбияву ҷаҳонбинӣ ва шуури ҳар шахс вобаста медонад. Агар шахс босавод, ботарбия, дорои ҷаҳонбинии васеъ, огоҳ аз муқаддасот ва арзишҳои имрӯзи ҷомеа бошад, ба гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ ҳеҷ гоҳ пайваст намешавад.

Маҳмадулло Давлатов таъкид мекунад, ки ҳар шахс бояд маънои зиндагии худро ёбад, бояд муайян кунад, ки барои чӣ ва кӣ зиндагӣ мекунад. Агар маънои зиндагиро ёфт, пас ҳама мушкили зиндагиро пушти сар мекунад.

Пас чӣ бояд кард, ки инсон, махсусан наврасон ва ҷавонон маънои зиндагии худро дуруст пайдо намоянд?

Посухи равоншинос Маҳмадулло Давлатов ба ин суол мушаххас ва амалишаванда аст: «Оила, мактаб ва ҷомеа бояд бо ҳам ҳарчӣ бештар пайваст бошанд. Аммо аз байни ин се, оила нақши калидӣ  бозӣ мекунад. Агар дар оила тарбия дар сатҳи хуб бошад, фарзанд солим тарбия меёбад. Бояд ба фарзанди худ вақт ҷудо кунем, пурсем, ки бо чӣ кор машғул аст, дар бораи чӣ фикр мекунад, чиро мехонад ва тамошо мекунад. Бояд ба хурдтарин тағйирёбӣ дар рафтору гуфтору кирдори фарзандон таваҷҷуҳ кунем. Аз як ҳарфу рафтори кӯчак фаҳмидан мумкин, ки фарзанд ба кадом самт равона аст».

Дар асри муосир, ки асри иттилоот ва технологияи интернетӣ гуфта мешавад, фарқи маълумоти дуруст аз нодуруст, таблиғу ташвиқи ғаразнок аз иттилои сареъ ва дар умум «сиёҳ» аз «сафед» муҳим аст. Пас  бояд ҳар нафар кӯшиш кунад, ки «кӣ» ва «чӣ»-и худро ёбад ва ба доми тазвири дигарон наафтад.

Ҷасур АБДУЛЛО,

АМИТ «Ховар»

бознашр аз http://din.tj/?q=node/909

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-06-2018, 12:12:47 | Диданд: 626