ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9307]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6087]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5792]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4954]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4276]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4256]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4240]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4227]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3890]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61450
Хоинон нияти нек надоранд.

Хоинон нияти нек надоранд. Вокуниш: Нияту мақсади нопоки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва роҳбари бадбахташ Муҳиддин Кабирӣ рӯз то рӯз назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор гардида истодааст. Имрӯз, роҳбарону ҳаводорони фирории он бо ҳар роҳе мехоҳанд, ки дар сиёсати дохилию хориҷии мамлакати мо таъсиргузор бошанд. Онҳо бо ниқоби «ҳомии сулҳу миллатпарвар» бо ниятҳои ғашу мардумфиребонаашон мақсади баргаштан ба арсаи сиёсати Тоҷикистонро доранд. Аз ин ҷост,ки Кабирӣ ва ҳампаймонҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Ютуб» ва «Фейсбук» баромад намуда, пайваста сари мавзӯъҳое даъво бармедоранд, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо шарофати бадандешӣ, ноҳақӣ ва фаъолияти зиддиинсонии худи онҳо мушкилӣ дорад. Ин гурӯҳи асолатбохтаву фурӯхташуда беасос Ҳукумати Тоҷикистон ва бархе аз шаҳрвандони ватандӯсташро гунаҳкор эълон медоранд. Нисбати масъалаҳое даъво мебардоранд, ки бинандаву хонандаи закиву ҳушёрро ҳам хандаву ҳам ба ғазаб меорад. Зеро амалҳои террористии ин гурӯҳ, бузургтарин хиёнатест назди халқу Ватан ва гуноҳест нобахшиданӣ. Аз ҳодисаҳои талхи сари миллат бо шарофати фаъолияти ғайриинсонии наҳзатӣ таҳмилшуда солҳо сипарӣ мешаванд, вале захми ин ҳама озор ва ранҷу дардҳои миллат, модарони фарзандгумкардаву фарзандони волидайнгумкарда ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯш намешаванд. Роҳбарони асолатбохтаи наҳзатӣ дар хориҷа паноҳ бурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ қаҳрамонтарошӣ мекунанд ва фикр мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон онҳоро фаромӯш сохтааст. Вале хестаанд, ки хобанд. Хиёнату хиёнаткорӣ ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад. Хоинону хиёнаткориҳоро дар ягон давру замон ҳеҷ як давлат ва миллате намебахшаду нахоҳад бахшид. Хулоса дар охир гуфтаниям, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пайомадҳои хатарҳои ҷаҳони муосир ба пуррагӣ аз найрангҳои М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш огоҳанду фирефтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ба монанди ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва дигар созмонҳои зиддиинсонию ҳуқуқи башарӣ нахоҳанд гашт ва баҳри сулҳу осоиштагӣ тинҷиву оромии ватани азиз беш аз ҳар вақта дида бештар саҳми хешро гузошта кишвари азизро боз ҳам зебову гулгулшукуфон хоҳанд намуд. Мирзоева Г. , сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-03-2022, 06:25:53 | Диданд: 230