ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10235]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6224]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5992]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5092]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4434]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4398]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4384]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4376]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4014]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 66608
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Имрўз зудтағйирёбии вазъии сиёсии давлатҳои ба мо дуру наздик ба раванди тарбияи ҷавонони кишвари мо низ ба таври манфӣ зарар ва таъсир мерасонад. Воқеаҳои Сурия, Либия ва Миср дар замони муосир ягон шахси равшанзамирро бетараф намемонад. Агар ба таърихи то замони кашмокашиҳои сиёсии ин давлатҳо назар афканем, хонандаи нозукбину таҳлилгар мумкин ба ин андеша ва далелҳои мо розӣ шуда натавонад. Сатҳи зиндагии ин мардум дар ин давлатҳо бо сабаби доштани захираҳои бои нафту газ дар дараҷаи баланд қарор дошт, амнияти мардум, ҳуқуқи шаҳрвандон ба пуррагӣ таъмин буд. Пас суол ба миён меояд, ки кадом омилҳо ин давлатҳоро ба чунин ҳолат овард, ки аҳолии давлатҳои номбурда зиндагиии пурмашақатро ҳамарўза пушти сар мекунанд. Фикр мекунем, ки омилҳои субъективӣ мавқеи муайянкунандаро ишғол мекунанд. Дар асри ҷадид пешрафти технологияи нав бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, метавонад дар як лаҳза ба пуррагӣ тамоми ҳодисаю воқеаҳоро ба оламиён иттило диҳад, яъне гуфтанием, ки ин ҷанги иттилоотӣ махсусан шабакаҳои интернетии қувваҳои беруна ва дохилӣ алайҳи мардум, хусусан ҷавонони хунгарму камтаҷрибаю обутоб наёфта дар муборизаҳои сиёсӣ мебошанд. Ин шабакаҳо нисбати ҳукуматдорону шахсиятҳои сиёсӣ тўҳмату бўҳтон ва иғвоҳои гушношунидро паҳн намуда, мардумро ба кўчаю майдонҳо мекашанд. Чунин амалро дар солҳои 90-уми асри гузашта мушоҳида карда будем.
Кишвари азизамонро ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида ва наздик ба вартаи нобудӣ расонид. Бо заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандӣ абадан хомўш гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои абарқудрати дунё дар рушду нумўъ қадамҳои устувор гузошта, бо бисёр давлатҳо муносибатҳои иқтисодию дипломатӣ дорад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, сиёҳдилоне низ пайдо шуданд, ки ин сулҳу ваҳдат, пешравии давлат ба онҳо мақбул нест. Онҳо мехоҳанд, ки ба ҳар роҳ ватани биҳиштосои моро боз ба майдони кашмакашиҳои сиёсӣ табдил диҳанд. Чунончи собиқ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў Ҳоҷӣ Абдуҳалим ва Додоҷон Атоулоев дар ҳар гўшаю канори мамлакатҳои хориҷӣ аз он ҷумла, дар Лаҳистону Туркиё тавассути гирдиҳамоиҳо бо истифодаи рассонаю сомонаҳо ташвиқоту таблиғот бурда, бо ин амали номатлуби ҷинояткоронаи хеш мехоҳанд, ки обрўю нуфузи ҷумҳуриро паст зада, ҳатто муносибатҳои байни давлатдориро халалдор созанд. Дар пиёда сохтани нақшаҳои манфури хеш мехоҳанд ҷавононро ба доми худ кашанд, вале итминони комил дорем, ки ин бешарафон ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки хеш намерасанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаи Раҳмон таъкид месозад, ки шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки нисбат ба хатарҳои ҷаҳонӣ ба монанди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории фаромарзӣ ва даҳҳо дигар падидаҳои хатарнок, ки ба амният ва сулҳу суббот дар ҷаҳон таҳдид менамояд, бетараф набошем.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-03-2022, 07:30:50 | Диданд: 246