МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЯК ПОРЧА ЗАМИНИ ХУД МУҚАДДАС ДОНЕМ.

ЯК ПОРЧА ЗАМИНИ ХУД МУҚАДДАС ДОНЕМ.

ЯК ПОРЧА ЗАМИНИ ХУД МУҚАДДАС ДОНЕМ. Бо шарофати истиқлолият ва озодии кишвари маҳбубамон, меҳнати заҳматқарини мардум сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ, ватани маҳбубамон дар миқёси ҷаҳон шинохта шуда соҳибэҳтиром гардид. Ҳамагон аз он ифтихор доранд, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат ба хонадони якояки тоҷику тоҷикистонӣ сулҳ оварда сулҳофар гардиданд ва он сулҳи бо баҳои ҷон ба даст оварда, Тоҷикистон ва миллати тамаддунофари онро ҷаҳон муаррифӣ намуд. Дар ҳамин замина бо тамоми кишварҳо дӯстиро барқарор намуда, шукронаи онро дорем, ки тоҷикони сулҳхоҳем, зеро ниёгони мо аз азал сулҳпарвару дурандеш ва саховатпеша буданд. Хушбахтона дар кишвари демократӣ ва ҳуқуқ бунёди мо ҳаёти осоиштаи мардумон ва рушди бо мароми давлат таъмин аст ва таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон барои якпорчагии давлати худ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ камари ҳимат бастаанд. Мо бо давлатҳои ҳамсоя робитаҳои дустиро барқарор намуда ҳамеша баҳри такмили дӯстиву густараиши бародарї роњњои тарғиби сиёсати сулҳпарваронаро ҷустуҷӯ дорем. Чуноне, ки шоири зинадаёд Мирзо Турсунзода ќайд менамояд: Шодам, аммо мехурам ғамҳои халқи дигаре Дар назар меоварам тороҷ гашта кишваре... Ҳеҷ тасавур намекунам, ки бародарони Қирғизтабори мо барои ғасб намудани замини давлати ҳамсоя хунрезӣ мекунанд. Зеро мақсади ҳамаи миллатҳо осудагии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум аст. Дар ватани маҳбуби мо бо қирғизтаборҳои тоҷикистонӣ дӯстӣ ва хешутаборӣ барқарор гаштааст. Аз соҳибистиқлолии тоҷикистони азиз ҳарду миллати тамадунофарӣ тоҷикистонӣ шодкоманд. Вазифаи мудофиаи сарҳад муқаддастарин қарз ва фарзи ҷавонмардист, лекин набояд фаромӯш сохт, ки он чиро ба худат нахоҳӣ, ба дигарониз набояд раво бинӣ. Муҳимтарин вазифаи ҳар як инсон муайян кардани муносибати тафаккур ба воқеият, яъне ба ҳақиқат аст. Сарҳадбон фарзанди вафодори модар-Ватан аст ва баҳри ҳимояи як порча хоки муққадаси Ватан ҷонфидоӣ мекунад. Ҳимояи ватан натанҳо вазифаи марзбон, балки қарзи фарзандии ҳар яки мост. Фарзанди вафодори Ватан ҳеҷгоҳ ба хунрезиҳои ваҳшёна роҳ намедиҳад, ӯ намегузорад, ки пой нохалафон бар замини поки муқаддаси модар - Ватан расад. Ализода Ё.С. кормани МИҲД-и ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-04-2022, 08:43:17 | Диданд: 194