ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10503]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6359]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6171]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5246]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4598]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4523]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4519]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4516]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4137]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
3. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
5. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
6. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
7. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
8. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
9. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2439
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 74170
Мо хун медиҳему аммо хок намедиҳем
Мо хун медиҳему аммо хок намедиҳем Солҳои охир миёни Тоҷикистону Қиризистон муноқишаҳои сарҳадӣ зиёд рух медиҳанд, ки боиси марги чандин тан сокинони ҳарду тараф гардидааст. Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби бародарони қирғиз дар масъалаҳои марзӣ мардуми Тоҷикистонро ба шӯр оварда, чунин ҳолатҳо сабри ин миллати куҳанбунёдро лабрез кардааст. Мавриди зикри хос аст, ки мардумони кунании минтақаи Осиёи марказӣ аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамзистӣ ва дӯстӣ ниёз доранд. Пайдост, ки наслҳо пайи ҳам омада, боз мераванд, аммо дӯстӣ мисли хуршеду моҳ ҷовидон аст. Дӯстӣ миёни халқҳои минтақа танҳо саодату хушбахтӣ меорад, вале душманиву ҷанг бошад рӯзи сахту харобӣ. Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, инҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдорӣ кардан чӣ асту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Ворух қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае дастдарозӣ бикунад. Мо хун медиҳему хок намедиҳем. Олимов Р., сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-04-2022, 14:00:26 | Диданд: 222