МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нақши Волидон:

Нақши Волидон:

Нақши Волидон: Падару модаре, ки ватандӯст ва аз аслу насли худ бохабар бошад, дар ин самт метавонад ба осонӣ фарзандони худро тарбия намояд. Аз ин лиҳоз, волидонро зарур аст, ки рисолатӣ азалӣ ва қарзи виҷдонии худро дар назди миллати хеш адо кунанд. Ҳар гаҳ, ки мо дар суҳбати пиронсолон ё шахсоне, ки дар давраи Шуравӣ хизмат кардаанд нишинем, фақат ҳамин суханҳоро мешунавем. «Дар давроне, ки мо ҷавон будем, нафратан ба хизмати ҳарбӣ айби бузург буд. Артиш мактаби бузурги ҷавонмардӣ маҳсуб мешуд. Нафаре, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекард, ё маъюб ё тарсу унвон мешуд. Ҷавононе, ки аз лиҳози ҷисмонӣ заиф буданд, дар хизмати ҳарбӣ обутоб меёфтанд. Ман гумон мекунам, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардани ҷавонони имрӯза ва ба хизмати фарзандон исрор накардани волидайн иллатҳои худро дорад. Мо бояд нахустин имиҷи артишро дар ҷомеа баланд бардорем, ҷавонон бояд итминон ҳосил кунанд, ки хизмат дар сафи артиш қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу баномуси ин ватан аст ва дар такмили онҳо ҳатман саҳм мегузорад. Дуввум ҷавоне, ки мактаби миёнаро хатм кардааст, барои волидайн як қувваи корӣ маҳсуб мешавад, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад ва ба буҷети хонавода саҳмгузор бошанд». Бо вуҷуди ин ҳама наметавон гуфт, ки бисёриҳо бо иллатҳои паст будани шароити иқтисодии хонаводагӣ хизмати Ватан-Модарро дар сафи Қувваҳои Мусалаҳ адо намекунанд. Падару модароне ҳастанд, ки ҳарду кор мекунанду дар таъмини зиндагии хеш ба танқисиҳо дучор намешаванд, лекин фарзандони хешро ба хизмати ҳарбӣ равон намекунанд. Хизмат ин аз ватандӯстии ҳар як ҷавони баномус ва бомаърифат дарак медиҳад. Зеро маҳз дар он ҷо ба қадри ин меҳану миллат мерасад ва бо як ҳисси баланди ватандорию худшиносии миллӣ дар пешрафти кишвари хеш ҳиссагузор мешавад. Шодибеги Иди Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-04-2022, 12:39:35 | Диданд: 188