ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-11803]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6856]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6736]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5640]
5. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-5084]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4907]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4898]
9. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4889]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4489]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. РОЗЕ ДОРАМ, КИ БОЗ НАТВОНАМ ГУФТ
2. ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
3. РӮЗА ЯК СӮ ШУДУ ИД ОМАДУ ДИЛҲО БАРХОСТ
4. АЗ ДАФТАРИ ЁДДОШТ САБАҚИ ТАЪРИХ
5. СОЛ, АММО СОЛИ НООРОМ БУД (ЗИЁРАТИ СИНДЕВ)
6. ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД
Омор
- Хабархо: 2473
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 124563
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.Тибқи ахбори расмии намояндаи неруҳои марзбонии Толибон дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии «Панҷ», 7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 миёни қувваҳои Толибон ва гурӯҳи мусаллаҳи аъзоёни ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, якуним соат идома ёфтааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд.
Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи Толибон дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд.
Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил арзёбӣ гардида, таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-05-2022, 18:08:35 | Диданд: 277