ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10503]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6359]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6171]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5246]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4598]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4523]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4519]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4516]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4137]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
3. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
5. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
6. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
7. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
8. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
9. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2439
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 74146
Сомонаҳои иҷтимоӣ ба манфиати ки кор мекунанд?
Сомонаҳои иҷтимоӣ ба манфиати ки кор мекунанд? Ҷаҳоне, ки илму технологияааш ба суръати баланд пеш мераваду аз зараҳои хӯрд то саёраҳои дурро донишмандонаш меомӯзанду маълумот доранд, аммо дар ҳалли баъзан мушкилотҳои кӯчак аҳли башар оҷиз мемонаду намедонад ба ки баҳо диҳад. Ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 барои мо сабақе хубе дод. Вақте, ки толибон давлати Афғонистонро гирифтанду қисме аз мардум фирор ва қисме дигар ба давлатҳои дигар бо дархости шаҳрвандӣ сафар карданд. Ин ҳодисаҳо дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ намудор буду онҳо ҳамарӯз ҷаласа ва гуфтушунидҳо ба анҷом мерасониданд. Дар ин робита ину онро гунаҳкор карда аммо кореро анҷом надодаанд, ки мардуми ин кишвар аз гуруснагӣ эмин бошад. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ бошад наворҳои гуногун гузошта шуда, ин ҷониб дигар ҷонибро гунаҳкор ва наворҳоро ба манфиати худ мегузоштанд. Биннанда танҳо аз руи навор баҳогузори мекунаду халос. Ҳодисаҳои дигар ин ҷанг миёни Русия ва Украина мебошад. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ тамоми наворҳо гзошта мешаваду ин ҷониб ҷониби дигарро айбдор месозад. Баъди лаҳзае ҳақиқати наворҳо аз ҷониби худи шоҳидони воҷеа тасдиқ карда мешавад, ки ин ба ҷанги ҳар ду ҷониба рабт надораду ба дигар минтақа маҳсуб аст. Яъне хуласи гап дар он аст, ки гурӯҳҳои махсус дар иттиҳодӣ бо наворҳои сохташудаашон ба руҳу равони тамошобинон ва корбарон таъсир расонида, ақидаи онҳоро дигар мекунанд. Агар нафаре, ки дар интернет бо таҷриба бошад хоҳад, ки фаҳмад, ки ин навор сохта ё дигар карда шудааст, онро дар натиҷаи ҷӯстуҷӯ намудан ва ба шарҳҳо назар афкандан дарк мекунад. Аммо на ҳама чунин аст. Аз ин лиҳоз дар кишвари мо низ истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ бештар аст, маҳз дар ҳамин мавридҳо бояд бо диққат буда, дар масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ эҳтиёткорона бошанд. Ҳар наворе, ки ба ҷангу ҷидол пайванд нест ё ин, ки машқи низоми ҳаст, ҳатман бояд шарҳ диҳанд. Зеро аз дигар давлатҳо истода намедонанд, ки гап сари чи меравад. Танҳо як корбар ба истилоҳ “Блогер” бо мақсади зиёд намудани аъзоёнаш метавонад ҳар наворро гузошта, диққати аъзоёни худро ҷалб созад. Ҳарчанд, ки сомонаҳои иҷтимоӣ дар асоси оиннома ва дигар сандаҳои худ таъкид месозанд, ки корбарон дар ҳолати пахши навор ё аксҳое, ки бадбинӣ, ҷанг, шаҳвонӣ ва ғ . амалҳоро ташвиқ мекунанд паҳн нахоҳанд кард. Аммо иддае аз гурӯҳҳо барои манфиатҳои шахсии худ ба тариқи ин сомонаҳои иҷтимоӣ ҳадафҳои худро пиёда месозанд. Давраи ҳасоси таърихӣ маҳз ҳамин аст, ки бо гузоштани як маводи муғризона садҳо нафар мағзшӯи гардида, миёни дигарон бабиниро ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз мо ҳамеша дар вақти сӯҳбат ва вохӯриҳо таъкид месозем, ки шаҳрвандон на ба ҳамаи маводҳои дар интернет гузошташуда бовар кунанд, зеро дар шароити имрӯза ҳатто кӯдаки хӯрдсол метавонад дилхоҳ маводро гузораду зераш ҳар чи нависад. Сафаралӣ Мирзоев –сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-05-2022, 13:09:08 | Диданд: 226